Корманди бойгонӣ, ш. Хоруғ
Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон ҷои кории холии вазифаи Корманди бойгонӣ дар филиали бонк дар ш. Хоруғ эълон менамояд.
Вазифаи асосӣ – ташкил намудани кор бо бойгонии ҳуҷҷатҳо, аз ҷумла таритиби бақайдгирӣ, нигоҳдорӣ ва идоракунии ҳуҷҷатҳои ба бойгонӣ супоридашуда.
Талаботҳо:
• Маълумоти олӣ;
• Донистани тамоми талаботҳои қонунҳои соҳаи бойгонӣ, аз ҷумла донистани тартиби қабул ва ба бойгонӣ (архив) супурдани ҳуҷҷатҳо, нигоҳдорӣ ва истифодаи онҳо.
• Донистани низоми ягонаи давлатии коргузорӣ, аз ҷумла тартиби баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳӣ аз руи онҳо.
• На кам аз 3 сол таҷрибаи корӣ дар ташкилотҳои қарзӣ;
• Таҷрибаи кор бо Microsoft Office (Word, Excel, PowerPoint);
• Донистани забони тоҷикӣ ва русӣ. Донистани забони англисӣ бартарӣ дорад.
Довталабони ҳавасманд метавонанд ҳуҷҷатҳои худро ба суроғаи электронии hr@icb.tj фирсонанд ё ба филиали ш. Хоруғ на дертар аз 10 январи соли 2025 ирсол намоянд.
Аз натиҷаҳои ҷустуҷӯҳои худ натиҷагирӣ кунед