Менеҷери фурӯш
🔥 Вакансия: Менеҷери фурӯш дар Трендофис
Маълумот оиди ширкати мо
Мо — ширкати "Трендофис", яке аз бозингарони асосӣ дар бозори мебели офисии Тоҷикистон ҳастем. Мо ба фурӯши курсиҳои офисӣ, сейфҳо, креслоҳои массажӣ машғулем. Мизоҷони мо — ширкатҳо, идораҳо ва шахсони фаҳмида, ки сифати баланд талаб мекунанд. Ширкатамон аллакай обрӯи худро пайдо кардааст ва ҳоло марҳилаи нави рушдро мегузарад.Ҳоло мо ба зинаи нави рушди ширкат ворид мешавем ва дар ин марҳила ба дастаи мо менеҷери фурӯши қавӣ ва натиҷагар лозим аст.
Маълумот оиди номзад
Мо шахсеро меҷӯем, ки хусусиятҳои зеринро дорад: – фаъол, ҳадафманд ва натиҷагар – бо ахлоқи хуб ва сӯҳбати фаҳмо – малакаи хуби фурӯш ва муошират – қобилияти фаҳмидани мизоҷ ва пешниҳоди дуруст
Уҳдадориҳои номзад
– фурӯши маҳсулотҳои ширкат ба мизоҷон тариқи онлайн ва дар мағоза – интихоб кардани моделҳо мувофиқи талаботҳои муштариён – идоракунии системаи CRM – гузаронидани таҳлили рақибон ва беҳтарсозии фурӯш – омодасозӣ кардани ҳисоботҳо дар бораи фурӯш ва иҷрои нақшаҳо
Натиҷаи ниҳоии арзишманд (ЦКР)
– аз қабули фармоиш то супоридани он ба мизоҷ ва анҷоми пардохт
– иҷрои пурраи нақшаи фурӯш – афзоиши доимии ҳаҷми фурӯш – қаноатмандии мизоҷ ва такрори харидҳо – суръат ва сифат дар бастани фурӯш
Стоп-факторҳо (чизҳое, ки ба мо лозим нестанд)
– бетарафӣ, бепарвоӣ, муносибати “чӣ шавад шавад” – номзаде, ки масъулиятро намепазирад – дер кардан, беҷавоб мондани мизоҷон – набудани хоҳиши омӯзиш ва рушд – гузаронидани вақт дар ҷойи кор бидуни натиҷа
Имкониятҳо барои номзад
– муҳити ором ва фаъол барои кор – дастгирӣ дар омӯзиши фурӯш ва рушди шахсӣ
– системаҳои мотивационӣ: бонусҳои рӯзона, ҳафтаина, моҳона – имконияти болоравӣ — шанси сардори фурӯш шудан дар дохили 6–12 моҳ – карйера, дамгирӣ ва муҳити рушди воқеӣ
Шароити кор ва талаботи ибтидоӣ
Соҳаи ширкат: тиҷорати чаканаи мебели офисӣ Таҷриба: таҷрибаи корӣ дар фурӯш аз 1 сол . Синну сол: аз 19 то 32-сола Реҷаи кор: 6 рӯз дар ҳафта (1 рӯзи истироҳат), аз соати 09:00 то 18:00 Музди маош: фоиз аз фурӯш + бонусҳо барои иҷрои нақша
Агар хоҳиши даромади бештар дошта бошед, метавонед баъди вақти корӣ фурӯшро тариқи онлайн идома диҳед (аз хона).
📩 Агар шумо худро дар “Трендофис” мебинед ва мехоҳед қисми дастаи мо шавед — калимаи “Анкета”-ро ба WhatsApp-и мо нависед: +992 55 888 92 93. Пас аз он, мо ба Шумо шакли анкетаро мефиристем барои пур кардан.
Агар резюме дошта бошед ба суроғаи зерин фиристед:
📩 hrtrendoffice@gmail.com
Ин қадами аввалини шумо ба сӯи имконияти нав ва даромади воқеӣ аст!
Эълонҳои монанд







Аз натиҷаҳои ҷустуҷӯҳои худ натиҷагирӣ кунед
-
This account has a verified association with E-mongolia
-
Verified since
-
Your ad will be marked as verified
-
Advertising will receive more attention and trust