Аудити дохила
ҶДММ ТАҚХ ЛОЛС Молия ташкилоти амонати қарзии хурд буда, муассисаш “LOLC Central Asia Private Limited” ба ҳисоб меравад, ки дар зиёда аз 24 давлати ҷаҳон фаъолияти босаммар дорад. Стратегияи асосии ширкат ин пешниҳоди хизматрасониҳои баланди молиявӣ ба аҳоли бо истифода аз усулҳои таҷрибаи мизоҷ ба ҳисоб меравад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ТАҚХ ЛОЛС Молия дар зиёда аз 10 шаҳру ноҳияҳо фаъолият намуда истодааст ва фаъолона филиалҳои худро васеъ намудаистодааст. Вобаста ба васеъшавии фаъолият мо довталабонро барои ишғоли ҷойи кори холӣ даъват менамоем.
Вазифаи: Аудити дохила
Ҷои фаъолият: ш.Душанбе (Саридора)
Вазифаҳои асоси:
• гузаронидани аудит ва мониторинги вазъи назорати дохилӣ дар ташкилот, аз ҷумла:
• баҳодиҳии назорат аз болои ҳолати дороиҳо ва пешгирии талафот.
• омода намудани намунаҳо ва дархостҳои аудиторӣ, ҷамъоварии далелҳои аудиторӣ;
• тафтиши риояи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин талаботи сиёсати дохилӣ ва дастурамалҳои баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳӣ;
• таҳия ва пешниҳоди пешниҳодҳо оид ба рафъи камбудиҳои ошкоршуда ва тавсияҳо оид ба баланд бардоштани самаранокии раванди баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳӣ;
• таҳлили самаранокии системаи назорати дохилӣ ва коркарди иттилоот.
Талаботҳои тахассусӣ:
• Маълумоти олӣ, бакалавр.
• донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забони англисӣ афзалият дорад);
• талаботи касбӣ дар муҳосибӣ (CIPA, CAP ва ғайра) қобили қабул аст;
• донистани асосҳои идоракунии хавфҳо афзалият дорад;
• Донистани барномаҳои компютерӣ (MS Office).
Шароити хуби кори:
• Музди меҳнати рақобатпазир дар бозори меҳнат;
• Пардохти алоқаи мобилӣ;
• Омузишҳо ва тренингҳо;
• Имконияти болоравии мансабӣ.
Музди маоши хуб кафолат дода мешавад.
Хохишмандон метавонанд маълумотҳоро дар бораи худ (CV) ва дар лифофаҳо (конверт) ҷойгир карда бо қайди номгуи вазифаи довталаб ба суроғаи зерин дастрас намоянд: ш. Душанбе, кучаи деҳи боло 180 ё ин ки ба почтаи электрони ирсол намоед: info@lolc.tj
Муҳлати охирин барои қабули CV то 15 январи соли 2025.
Рақами телефон: (992) 98-478-37-37., 44 610 00 55
Танҳо номзадҳое, ки талаботи ҳадди аққалиро талаб мекунанд, барои мусоҳиба даъват карда мешаванд.
Эълонҳои монанд
Аз натиҷаҳои ҷустуҷӯҳои худ натиҷагирӣ кунед