Сараудитор
ЭЪЛОН
Талабот ба номзад:
дорои таҳсилоти олии иқтисодӣ ва собиқаи кории на камтар аз панҷсола аз рӯи ихтисос дар низоми бонкӣ (ватанӣ ва ё хориҷӣ) ва (ё) молия, ки на камтар аз се соли онро собиқа дар вазифаҳои роҳбар ё муовини роҳбари воҳидҳои сохтории иқтисодӣ;
оид ба қонунгузории бонкӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон дониши кофӣ дошта бошанд;
донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи бонкӣ;
маҳорати ибрози андеша ба тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ;
донистани стандартҳои аудити дохилӣ ва стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ;
дорандаи сертификати CIA (аудитори дохилии сертификатдор), САР (муҳосиби амалии сертификатдор) ё СРА (муҳосиби ҷамъиятии сертификатдор) -афзалият дорад;
доштани донишу малакаи кофӣ дар соҳаи аудити бонкӣ, баҳисобгирии муҳосибӣ, ҳисоботи молиявӣ ва андозу андозбандӣ;
малакаи кор дар компютер, донистани МS Office – (Word, Excel, PowerPoint) – ҳатмӣ;
донистани забонҳои давлатӣ (тоҷикӣ) ва русӣ – ҳатмӣ, забони англисӣ – афзалият дорад.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
ариза ба номи Роҳбари Фонд;
варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо
тарҷумаи ҳол;
маълумотномаи кутоҳи номзад (резюме);
тавсифнома аз ҷои кори охирин (агар дошта бошад);
нусҳаҳои ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот, дониши махсус, дараҷа, ихтисос ё касб барои бастани шартномаи меҳнатӣ дар корҳое, ки тибқи Кодекси меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дониш, малака ва маҳорати дахлдор зарур мебошанд.
Номзад бояд варақаҳои дархости худро ба суроғаи ш.Душанбе кучаи Истаравшан 18 ё ба почтаи электронииoffice@rfund.tj фиристад:
Телефонҳо барои маълумот: (+992) 433777770
Муҳлати пешниҳоди дархостҳои номзадҳо то 15 январи соли 2025 мебошад.
Эълонҳои монанд
Аз натиҷаҳои ҷустуҷӯҳои худ натиҷагирӣ кунед