Директори филиал
«Директори филиал»
Самтҳои асосии фаъолият:
• Самти фаъолияти филиалро назорат мекунад, робитаи мутақобилан судманд ва пурмаҳсулро байни ҳамаи воҳидҳои он, инчунин назорати иҷрои нақшаҳои тамоми шӯъбаҳои филиалро таъмин менамояд;
• Мутобиқи ҳуҷҷатҳои дохилии Бонк кори кассирҳо ва бақияи пули нақдро назорат мекунад;
• Кассаи филиалро мувофиқи санадҳои дохилии Бонк боз ва пӯшида мекунад;
• Ҳамкории самаранок бо ҳамаи департаментҳои дахлдори Саридора таъмин мекунад;
• аз ҷониби кормандони филиал риояи интизоми меҳнатӣ ва иҷроиши онро таъмин менамояд;
• Иҷрои вазифаҳои муқаррарнамудаи кормандони филиалро, аниқтараш амрҳо ва фармоишҳои раҳбарияти Бонкро таъмин мекунад;
• Дар доираи ихтиёрнома манфиатҳои Бонкро дар ҳамаи муассисаҳо ва ташкилотҳо намояндагӣ мекунад;
• Татбиқи маркетинги корпоративӣ дар филиал ва таблиғи ҳама маҳсулоти Бонкро ба мизоҷони эҳтимолии филиал ва Бонк таъмин менамояд;
• Мутобиқи ҳуҷҷатҳои дохилии Бонк ҳушдорҳоро фаъол ва ғайрифаъол мекунад;
Талабот:
• Маълумоти олии иқтисодӣ;
• Таҷрибаи кории на камтар аз 3 сол дар низоми бонкӣ ва на камтар аз 2 сол собиқаи кории роҳбари воҳиди сохтории бонк;
• Дониши аъло оид ба қонунгузории бонкӣ;
• Қобилияти ошкоро муносибат кардан ба вазифаҳои гузошташуда ва хоҳиши фаҳмидани дурнамои бахшҳои гуногун;
• Қобилияти кор кардан ба таври системавӣ ва сохторӣ;
• Ҳисси масъулиятшиносии рушдёфта;
• Муносибати содиқона нисбат ба кормандони бонк ва рақибон;
• Донистани ду нафар аз се: забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ;
• Саводи компютерӣ;
Шартҳо/имкониятҳо:
• Расман бо кор таъмин шудан, мутобиқи КМ ҶТ дар яке бонки муосир ва устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон;
• Сафарҳои корӣ дар дохили шабакаи минтақавӣ бо пардохти пурраи хароҷот;
• Омӯзиш барои такмил додани малака ва гирифтани донишҳои нав;
• Музди баланди меҳнат, мавҷудияти системаи KPI ва мукофотпулӣ барои ноил шудан ба ҳадафҳо.
• Имкониятҳо барои рушди касбӣ дар муҳити динамикӣ;
• Реҷаи кори қулай - 6/1;
Лутфан, дархости худро ба суроғаи электронии: jobs@spitamen.com бо нишон дар хати мавзӯъ вазифаи «Директори филиал»
Эзоҳ: танҳо номзадҳое, ки ба талаботҳои вазифа ҷавобгӯянд, ба мусоҳиба даъват карда мешаванд.
Аз натиҷаҳои ҷустуҷӯҳои худ натиҷагирӣ кунед