Мутахассиси захира ва ҳисобот
ҶСП “Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон” ҷои кори холии вазифаи Мутахассиси захира ва ҳисобот дар шуъбаи маъмурии саридора эълон менамояд.
Доранди вазифаи мазкур барои ворид намудани ашёҳои харидшуда дар анбор, омода кардани ҳисобот оиди захира, автомашинаҳо, сушиворӣ, симкортҳо ва ғайра, борхатҳо, интиқолҳои дохилӣ, ва таъмини кормандон бо ашёҳои лозимӣ аз анбор ва дастрас намудани онҳо, вазифадор мебошад.
Талаботҳо:
• Маълумоти олӣ
• Малака ва таҷрибаи зарурӣ вобаста ба корҳои маъмурӣ ва бонкӣ
• Ҳадди ақал 2 сол таҷриба дар бахши маъмурӣ ва ё харид
• Малакаи истифодаи компютер ва доистани барномаи Word, Excel ва дигар барноммаҳои лозимӣ
Хоҳишмандон метавонанд маълумоти шахсии худро (резюме) ба почтаи электронии hr@icb.tj ирсол намоянд. Номгӯи вазифаро дар мавзӯи почтаи электронӣ ҳатман ишора намоед.
Мӯҳлати охирини пешниҳоди ҳуҷҷатҳо – 22 декабри соли 2024.
Танҳо номзадҳои ба талаботҳо ҷавобгу ба мусоҳиба даъват карда мешаванд.
Эълонҳои монанд
Аз натиҷаҳои ҷустуҷӯҳои худ натиҷагирӣ кунед