Мутахассиси калон ва мутахассис оид ба хавф
ҶДММ ТАҚХ ЛОЛС Молия ташкилоти амонати қарзии хурд буда дар зиёда аз 24 давлати ҷаҳон фаъолияти босаммар дорад. Муассиси ТАҚХ ЛОЛС Молия “LOLC Central Asia Private Limited” ба ҳисоб меравад. Стратегияи асосии ширкат ин пешниҳоди хизматрасониҳои баланди молиявӣ ба аҳоли бо истифода аз усулҳои таҷрибаи мизоҷ ба ҳисоб меравад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ТАҚХ ЛОЛС Молия дар зиёда аз 10 шаҳру ноҳияҳо фаъолият намуда истодааст ва фаъолона филиалҳои худро васеъ намудаистодааст. Вобаста ба васеъшавии фаъолият мо довталабонро барои ишғоли ҷойи кори холӣ даъват менамоем.
Вазифаи: Мутахассиси калон ва мутухассис оид ба хавфҳо
Ҷои фаъолият: ш.Душанбе Саридора
Вазифаҳои асоси:
• Донистани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи бонкӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон;
• Донистани сиёсатҳо ва дастурамалҳои дохилии марбут ба кори идоракунии хавфҳо;
• Омода намудан ва пешниҳоди ҳисоботҳо дар бораи натиҷаҳои кори анҷомдодашуда;
• Азнавсозӣ ва тартиб додани ҳисоботҳо (Excel) дар барномаҳои махсуси таҳлилии хавфҳои қарзӣ, амалиётӣ ва молиявӣ;
• Омодасозии ҳисоботҳо оид ба пешгирии хавфҳо;
• Дигар вазифаҳо дар вақти мусоҳиба муфассал фаҳмонида мешаванд.
Талаботҳои тахассусӣ:
• Доштани малакаи хуби тахлили.
• Донистани забонҳои давлатӣ ва русӣ хатмӣ (донистани забони англиси афзалият дода мешавад).
• Малакаи кори бо барномахои компютери (Ms Office, Word, Excel);
• Таҷрибаи кори дар соҳаи бонкӣ на кам аз 3 сол;
• Маълумоти олӣ дар самтҳои иқтисодӣ, молия, баҳисобгирии бухгалтери ва аудит.
Шароити хуби кори:
• Музди меҳнати рақобатпазир дар бозори меҳнат;
• Пардохти алоқаи мобилӣ;
• Омузишҳо ва тренингҳо;
• Тим билдингҳо;
• Имконияти болоравии мансабӣ.
Ба занҳо афзалият дода мешавад.
Музди маоши хуб кафолат дода мешавад.
Хохишмандон метавонанд маълумотҳоро дар бораи худ (CV) ва дар лифофаҳо (конверт) ҷойгир карда бо қайди номгуи вазифаи довталаб ба суроғаи зерин дастрас намоянд: ш. Душанбе, кучаи деҳи боло 180 ё ин ки ба почтаи электрони ирсол намоед: info@lolc.tj
Муҳлати охирин барои қабули CV то 30 декабри соли 2024.
Рақами телефон: (992) 98-478-37-37., 44 610 00 55
Танҳо номзадҳое, ки талаботи ҳадди аққалиро талаб мекунанд, барои мусоҳиб даъват карда мешаванд.
Эълонҳои монанд
Аз натиҷаҳои ҷустуҷӯҳои худ натиҷагирӣ кунед