Мутахассиси Сайёр оид ба карзхои мушкилситон ф. минтақаи Ҷанубу Ғарби
- Таҷриба: Бе таҷриба
- Ном ё суроғаи ширкат/корхона: к. Ҷ. Расуллов 9
- Реҷаи кор: Рузона
- Самти фаъолияти ширкат/корхона: Кори бонкӣ
Уҳдадориҳои асосӣ:
• Гузаронидани таҳлили сандуқи қарзии худ, бо истифода аз Ҳисоботҳо дар бораи кор бо қарзҳои мушкилситон;
• Рӯёнидани қарзҳои батаъхирафтодае, ки ба сандуқи қарзии вай таалуқ доранд(WR1070), тибқи Дастур оид ба рӯёнидани қарзҳои батаъхирафтода;
• Иҷрои нақшаҳои ҳармоҳа доир ба қарзҳои батаъхирафтода, ки ба сандуқи қарзии вай таалуқ доранд;
• Гузаронидани корҳои фаҳмондаҳиҳӣ бо мизоҷони мушкилситон ва шахсони алоқаманди онҳо, боварӣ ҳосил кунондан ва моил карани онҳо ҷиҳати иҷрои ӯҳдадориҳои худ дар назди ҶДММ ТАҚХ «ФИНКА»;
• Ҳуҷҷатгузорӣ намудани натиҷаҳо ва тамоми маълумот дар бораи имконпазирии ситонидани қарз;
• Ҳуҷҷатгузорӣ ва сабти маълумот дар бораи далелҳои вайрон кардани расмиёт ва/ ё қаллобӣ (ҳам аз тарафи кормандони филиал, ҳам аз тарафи мизоҷ/шахси алоқаманд);
Талабот нисбати номзадон:
Таҳсилот:
• Олӣ, таҳсилоти миёнаи техникӣ.
Малакаҳои кор:
• Донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ.
• Маҳорати созгорӣ бо одамон, ҳусни муошират;
• Малакаҳои пешбурди гуфтушунид ва эътиқодманд намудани ҳамсӯҳбатони худ.
• Малакаҳои таҳия намудани ҳисоботҳои техникӣ.
• Малакаҳои кор дар компютер.
• Қобилияти таҳлилӣ.
Таҷрибаи корӣ:
• Ҳадди ақал собиқаи 6-моҳаи корӣ дар бахши бонкдорӣ, ба мисли шуъба оид ба қарзҳои мушкилситон, шуъбаи қарзӣ, Филиал/МХМХ (ба истиснои вазифаи ронандагӣ ва корманди техникӣ), шуъбаи аудит/назорати дохилӣ, шуъбаи муҳосибот.
________________________________________
Шароитҳои кор ва музди меҳнат дар алоҳидагӣ муҳокима карда мешаванд. Танҳо номзадҳое, ки ба талабот ҷавобгӯянд, барои мусоҳиба даъват карда мешаванд.
________________________________________
Лутфан дархостҳои худро (резюме бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ё англисӣ) то 26 декабри соли 2024 ба суроғаи ба суроғаи ш. Бохтар, кӯч. Логинов ё ба суроғаи электронӣ: hr@finca.tj ирсол намоед (дар сатри мавзӯи мактуб мавқеи дархостшударо нишон диҳед), телефон барои маълумот: 93 570 80 42
Ташаккур барои таваҷҷўҳ ба Ташкилоти мо!
Эълонҳои монанд
Аз натиҷаҳои ҷустуҷӯҳои худ натиҷагирӣ кунед