Мутахассиси назорати дохила
ҶДММ ТАҚХ «ФУРӮЗ» аз соли 2006 то инҷониб қарзҳои хурду миёна дар вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ медиҳад.
Миссияи ФУРӮЗ додани қарз барои рушди тиҷоратҳои хурду миёна ва ташкил кардани ҷойҳои корӣ мебошад.
Муассисони ташкилот аз Аврупо, Амрико ва Сингапур ҳастанд.
Вазифаҳо:
• Санҷиш ва баҳодиҳии системаи назорати дохилии ташкилот, арзёбии самаранокии равандҳо ва расмиётҳои назорати дохилӣ;
• Санҷиши мувофиқати ҳуҷҷатҳои дохилии ташкилот ба қонунгузории ҶумҳурииТоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва мутобиқати онҳо;
• Санҷиши боэътимодии системаи назорати дохилӣ барои истифодаи системаҳои автоматии иттилоотӣ;
• Санҷиши дурустӣ, пуррагӣ, объективӣ ва саривақтии баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳӣ, инчунин саҳеҳӣ ва саривақтии ҷамъоварӣ ва пешниҳоди иттилоот ва ҳисоботҳо.
Талабот:
• Маълумоти олӣ (дар соҳаи иқтисод ё молия афзалият дониста мешавад);
• Дониши хуби забонҳои точикӣ, русӣ (навиштан ва муошират намудан);
• Маҳорати хуби муошират ва кори якҷоя дар дастаи кормандон;
• Малакаҳои хуби компютерӣ (Word/Excel).
• Қобилияти корбарӣ дар муҳити тағирёбанда ва сафарҳои хизматӣ рафтан.
Довталабони ҳавасманд метавонанд ҳуҷҷатҳои худро ба Саридораи ТАҚХ “Фурӯз” дар шаҳри Бохтар, кӯчаи Айни 27 ё ба суроғаи электронии hr@furuz.tj (дар мавзӯи мактуб номи вазифае, ки месупоред қайд намоед) пешниҳод намоянд.
Телефон барои маълумот: 988 22 02 91.
Танҳо номзадҳое, ки ба талаботҳои вазифа ҷавобгӯ мебошанд, ба суҳбат даъват карда мешаванд.
Эълонҳои монанд








Аз натиҷаҳои ҷустуҷӯҳои худ натиҷагирӣ кунед
-
This account has a verified association with E-mongolia
-
Verified since
-
Your ad will be marked as verified
-
Advertising will receive more attention and trust