Ёвари шуъба дар филиали ноҳияи Балхи
- Таҷриба: Бе таҷриба
- Ном ё суроғаи ширкат/корхона: к. Ҷаббор Расулов 9
- Реҷаи кор: Рузона
- Самти фаъолияти ширкат/корхона: Кори бонкӣ
Уҳдадориҳои асосӣ:
• Ба шакли стандартӣ таҳия намудан ва чоп кардани ҳама намуди шартномаҳо;
• Фаҳмонидани ҳамаи шартҳо, уҳдадориҳои тарафҳо ба мизоҷон ва шахсони алоқаманд;
• Ба файл ҷойгиркунӣ ва архивонидани ҳуҷҷатҳо
• Санҷиши пуррагии ҳуҷҷатҳои зарурӣ дар парвандаи қарзӣ/амонатӣ;
• Санҷиши дуруст пуркунии варақаҳое, ки парвандаи қарзӣ/амонатӣ дар бар гирифтааст;
• Ислоҳ ва тасҳеҳи ҳамаи камбудиҳои ошкоршуда ва риоянашавӣ дар парвандаи қарзӣ/амонатӣ (дар шакли электронӣ ва чопӣ/коғазӣ);
• Пешбурди баҳисобгирии парвандаҳои қарзӣ/амонатӣ тибқи расмиёти тасдиқгардида;
Талабот нисбати номзадон:
• Таҳсилоти олӣ (таҳсилоти олии нопурра мумкин аст)
• Донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забони узбеки хуш пазируфта мешавад)
• Дониши барномаҳои компютерӣ: Word, Excel, Internet Exp. Ва ҳоказо.
• Малакаҳои аълои муошират ва ташкилӣ
• Дақиқкорӣ, покизакорӣ ва масъулият
• Маҳорати кори дастаҷамъона
• Қобилият зудомўзӣ.
• Ташаббускорӣ.
________________________________________
Шароитҳои кор ва музди меҳнат дар алоҳидагӣ муҳокима карда мешаванд. Танҳо номзадҳое, ки ба талабот ҷавобгӯянд, барои мусоҳиба даъват карда мешаванд.
________________________________________Лутфан дархостҳои худро (резюме бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ё англисӣ) то 15 декабри соли 2024 ба суроғаи ноҳияи Балхи, Ҷ. Балх, кучаи Сино, идораи ФТАҚХ “ФИНКА” ё ба суроғаи электронӣ: hr@finca.tj ирсол намоед (дар сатри мавзӯи мактуб мавқеи дархостшударо нишон диҳед), телефон барои маълумот: (+992) 93 575 15 33
Эълонҳои монанд
Аз натиҷаҳои ҷустуҷӯҳои худ натиҷагирӣ кунед