Аудити беруна
ЭЪЛОНФонди қарзии хурди «Фонди бозтамвил» барои гузаронидани аудити беруна аз рӯи натиҷаҳои фаъолияти молиявӣ дар соли 2024 озмун эълон менамояд.ХУСУСИЯТҲОИ ХИЗМАТРАСОНӢ Ҳангоми тартиб додани хулосаи аудиторӣ талаботи зерин бояд ба назар гирифта шаванд: Муайян намудани қобили қабул будани тавзеҳот ва иттилооте, ки ҳангоми гузаронидани аудит аз роҳбар, корманд ё намояндаи Фонд талаб карда мешавад; Муайян намудани дараҷаи воқеии мутобиқати Фонд ба талаботи низоми назорати дохилӣ ва баҳисобгирии муҳосибӣ, мутобиқи стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ; Шарҳ додани усули пешбурди китобҳо, ҳуҷҷатҳо, ҳисоботҳо ва инъикоси амалиёти барои мониторинг, аудити дохилӣ ва берунӣ зарурӣ истифодашаванда; Муайян намудани қобилияти кори ва мутобиқат ба талаботи роҳбарияти Фонд; Ошкор намудани камбудиҳои мавҷуда, эродҳо ва тавсияҳо оид ба бартараф намудани онҳо, инчунин ба амал баровардани тавсияҳо ва бартараф намудани камбудиҳои солҳои гузашта.Уҳдадориҳои иҷрокунанда дар доираи лоиҳа вазифаҳои зеринро дар бар мегирад: Тасдиқи Фонд дар он хусус, ки ташкилоти аудиторӣ ё ягон корманди он дар Фонд манфиатдор нест; Мусоидат намудан ба Фонд дар риоя ва нигоҳ доштани қоидаҳои ташкили низоми дурусти баҳисобгирӣ; Мусоидат намудан ба Фонд дар нигоҳ доштани низоми дурусти назорати молиявӣ ва идоракунии хавфҳо; Дар давоми се моҳи баъди ба охир расидани соли молиявӣ, хулосаи аудиторӣ ва андешаҳои аудиторӣ оид ба пуррагӣ, беғаразӣ ва эътимоднокии ҳисоботи молиявӣ тартиб дода, дар бораи вазъи молиявии он ба Шӯрои парасторони Фонд маълумоти муфассал пешниҳод намояд; Мувофиқи талаботи Бонки миллии Тоҷикистон, ташкилоти аудиторӣ хулосаи худро оид ба низоми таснифи қарзҳо ва таъминокии дороиҳои шубҳанок (аз ҷумла қарзҳои шубҳанок) ба Шӯрои парасторони Фонд ва Бонки миллии Тоҷикистон бо нишон додани камбудиҳо пешниҳод намояд; Ба ҳар як узви Шӯрои парасторони Фонд ва Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи ҳама гуна фаъолияти роҳбар, корманд ё намояндаи Фонд, ки ба ақидаи ӯ вайрон кардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ягон санади меъёрии ҳуқуқӣ мебошад, хабар диҳад;Барои иштирок дар озмун ташкилотҳои аудиторӣ, ки иҷозатномаи дахлдори Бонки миллии Тоҷикистонро доранд, тахассус ва таҷрибаи кофии аудити ташкилотҳои қарзӣ доранд, даъват карда мешаванд.Хизматрасонӣ бояд дар идораи марказии ФҚХ «Фонди бозтамвил» дар ш. Душанбе, к. Истаравшан 18, расонида шавад.Ширкатҳое, ки хоҳиши иштирок дар озмунро доранд, метавонанд пешниҳоди тиҷоратии худро дар лифофаҳои мӯҳршуда бо аломати “Озмуни барои гузаронидани аудити беруна аз рӯи натиҷаҳои фаъолияти молиявии ФҚХ “Фонди бозтамвил” барои соли 2024” ба суроғаи ш. Душанбе, к. Истаравшан 18, ирсол намоянд.Нархҳо дар пешниҳоди тиҷоратӣ бояд бо пули миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон – сомонӣ бо назардошти ҳамаи андозҳо нишон дода шаванд. Пардохтҳо ба суратҳисоби бонкии хизматрасон бо таври ғайринақди амалӣ карда мешаванд.Шартнома оид ба расонидани хизматрасонии аудиторӣ бо хизматрасоне баста мешавад, ки пешниҳоди таклифи мувофиқро бо нарх ва ба тамоми талаботи Фонд дар ин озмун пешбинишуда ҷавобгӯй мебошад.Мӯҳлати қабули пешниҳодҳои тиҷоратӣ дар суроғаи боло қайд гардида дар лифофаҳои мӯҳршуда то соати17-00 санаи 10 декабри соли 2024.E-mail: office@rfund.tjТелефонҳо барои маълумот: 43 377 77 70
ФҚХ Фонди бозтамвил,
25.11.2024 12:10,
Душанбе
Ҷои кор »
Бонкҳо, суғурта, лизинг