Корманди маркази тамос
ҶДММ ТҚХ “ОКСУС” яке аз ташкилотҳои маблағгузории хурди OXUS Group буда, ба аҳолии Тоҷикистон барои рушди фаъолияти соҳибкорӣ, рушди кишоварзӣ ва ниёзҳои истеъмолкунандагон қарзҳои хурд ва миёна пешниҳод менамояд. OXUS Group инчунин дигар ташкилотҳои фаръӣ низ дорад, ки дар Қирғизистон ва Афғонистон фаъолият мекунанд. ҶДММ ТҚХ “ОКСУС”, ки дар зиёда аз 35 ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (Суғд, Хатлон, Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ) бомуваффақият фаъолият бурда истодааст, довталабонро барои ишғоли ҷойи кори холӣ даъват менамояд.Вазифа – Корманди маркази тамос Ҷои фаъолият: ш. Душанбе, CаридораВазифаҳои асосӣ:• Фурӯши маҳсулотҳои қарзӣ тавассути телефон бо риояи қоидаҳо ва расмиёти ташкилот• Қабул ва хизматрасонии зангҳои телефонӣ аз муштариёни ҷорӣ ва эҳтимолӣ оид ба маҳсулотҳои ташкилот;• Машварат ба мизоҷони эҳтимолӣ дар бораи маҳсулотҳои қарзии ташкилот, муайян кардани талабот ва пешниҳоди маҳсулоти қарзӣ, ки ба талаботҳо ҷавобгӯ мебошад;• Қабули шикоятҳо ва пешниҳодҳо аз муштариён, саривақт расонидани иттилоот ба роҳбарияти ташкилот;• Ҷамъоварии маълумот дар бораи талаботи истеъмолкунандагон;• Гузаронидани пурсишҳо бо муштариён, тибқи рӯйхати дохилии тадқиқот;Талаботи тахассусӣ:• Маълумоти миёна/олӣ;• Донистани этикаи муоширати корӣ;• Доштани малакаҳои фуруш;• Малакаҳои компютерӣ (Ms Office);• Малакаҳои гуфтугуи телефонӣ;• Донистани забони тоҷикӣ ҳатмист, донистани забонҳои русӣ ва ё узбекӣ афзалият дорад;• Таҷриба дар соҳаи бонкӣ ё ташкилотҳои хурди қарзӣ афзалият дорад.Музди маоши хуб кафолат дода мешавад. Иштироки занонро дар озмун дастгиргирӣ менамоем.Агар боварӣ доред, ки шумо ба имконияти дар боло зикршуда мувофиқ ҳастед ва мехоҳед маълумоти бештар пайдо кунед, лутфан ба рақами 918 26 32 62 тамос гиред ё тавассути мактуби электронӣ бо мавзӯи “Оператори маркази тамос” CV-и худро ба суроғаи ozoda.abbosova@oxus-tj.org равон кунед. Инчунин, шумо метавонед ҳуҷҷатҳои заруриро дар конверт ба суроғаи зерин ирсол намоед: ш. Душанбе, гузаргоҳи 2-юми кучаи Шарк 14.Рӯзи охирини қабули ҳуҷҷатҳо: 10 декабри соли 2024, то соати 17:00 Танҳо довталабоне, ки ба талаботи ҳадди аққал ҷавобгӯ мебошанд, барои суҳбати минбаъда даъват карда мешаванд.
OXUS,
28.11.2024 17:17,
Душанбе
Ҷои кор »
Бонкҳо, суғурта, лизинг