Менеҷер оид ба комплаенс
Вазифахои ассоси Менеҷер оид ба Комплаенс аз болои мутобиқ будани фаъолияти ҶДММ ТАҚХ ФИНКА (ФТАҚХ) ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон, инчунин сиёсатҳои FINCA IMPact ва қоидаҳо/расмиётҳои дохилии ҶДММ ТАҚХ ФИНКА назорат мебарад. Менеҷер оид ба Комплаенс бевосита дар ин раванд иштирок намуда, ба идоракунии комплаенс – хавфҳои ФТАҚХ мусоидат мекунад. Инчунин иҷрои вазифаҳои марбут ба муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (МҚД/МТ/МПСҚО), инчунин ошкор ва пешгирӣ намудани коррупсия; назорат аз болои риояи талаботи одоби касбӣ дар ФТАҚХ; кам кардани хавфи хароҷот (зарар) дар натиҷаи вайрон кардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.ӮҲДАДОРИҲОИ АСОСӢФаъолияти назоратӣГузаронидани санҷишҳо вобаста ба мутобиқати фаъолияти ФТАҚХ ба талаботҳои: Санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон (минбаъд БМТ); Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон; Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон; Муассисаҳои дигари давлатӣ, ки ба салоҳияти бевоситаи онҳо танзими фаъолияти шахсони ҳуқуқӣ (ҶДММ) ва Ташкилотҳои қарзии хурд дахл дорад; Қонунҳои ҶТ, аз ҷумла Қонуни ҶТ «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом» (МҚД/МТ/МПСҚО); Талаботи FINCA IMPact, ки дар сиёсати асосии Ташкилот инъикос ёфтааст – Subsidiary Policy Manual.Гузаронидани санҷишҳои ҳар моҳаи ҳисоботҳо, ки ба БМТ пешниҳод мешаванд:Гузаронидани санҷиши фаъолияти департаментҳо ва зерсохторҳои ФТАҚХ:Гузаронидани омӯзониш кормандони ташкилот оид ба МҚД/МТ/МПСҚО ва ёд додани таҷриба ва дониши андӯхтаи худ ба сифати устод, мураббӣ;Сафар ба минтақаҳои ҶТ. Дигар Иҷрои дақиқ ва саривақтии дигар вазифаҳо / супоришҳои роҳбарият дар рафти ичрои вазифиахои ассосии оид ба комплаенс;ТАЛАБОТИ ТАХАССУСӢ: Таҳсилоти олӣ дар соҳаи иқтисодиёт, Хукукшиноси е молия афзалиятнок дониста мешавад; Таҷрибаи на камтар аз 2-сола дар соҳаи бонкдорӣ (бахши маблағгузории хурд, аудит, назорат); Дониши хуби талаботи танзимии берунӣ (Қонунҳои ҶТ, ки фаъолияти ташкилотҳои қарзиро ба танзим меоранд – аз ҷумла ТАҚХ ва шахсони ҳуқуқӣ – аз ҷумла ҶДММ; Дастурамалҳои Бонки Милии Точикистон; Кодекси андози ҶТ; Кодекси Меҳнати ҶТ; дигар санадҳои меъёрӣ, ки фаъолияти ҶДММ ва ТАҚХ-ро ба танзим меоранд); Қобилияти хуби ташкилотчигӣ ва ҳамоҳангсозӣ; Малакаҳои хуб дар соҳаи молия, муҳосибот, саводнокии компютерӣ ва малакаи кор бо Microsoft Office ва қобилияти таҳлилӣ; Қобилияти холисона баҳо додани вазъият ва ифодаи дақиқи воқеият/фикру андеша дар ҳисоботҳо; Малакаҳои хуби таҳияи ҳисоботҳо, рӯнамоҳо (презентатсияҳо); Маҳорати зудомӯзӣ ва омӯзонидани дигар кормандон; Дониши ҳатмии забонҳои тоҷикӣ ва русӣ, донистани забони англисӣ афзалиятнок дониста мешавад; Надоштани доғи судӣ.Шароитҳои кор ва музди меҳнат дар алоҳидагӣ муҳокима карда мешаванд. Танҳо номзадҳое, ки ба талабот ҷавобгӯянд, барои мусоҳиба даъват карда мешаванд. ________________________________________Лутфан дархостҳои худро (резюме бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ё англисӣ) то 20 марта соли 2025 ба суроғаи ш. Душанбе, кӯч. Ҷ. Рассулов 9, идораи ТАҚХ “ФИНКА” ё ба суроғаи электронӣ: hr@finca.tj ирсол намоед (дар сатри мавзӯи мактуб мавқеи дархостшударо нишон диҳед), телефон барои маълумот (44) 6002323Ташаккур барои таваҷҷўҳ ба Ташкилоти мо!
ФИНКА Таджикистан,
07.03.2025 12:16,
Душанбе
Ҷои кор »
Бонкҳо, суғурта, лизинг