Коршинос оид ба робита бо чомеа - PR
ҶДММ «ТАКОМ» - оператори ватании алоқаи мобилӣ, ки таҳти бренди ZET – Mobile фаъолият намуда, барои мизоҷони худ хизматрасонии алоқаи муосир, аз ҷумла телефонияи мобилӣ, собит ва интернет, ҳамчунин қарорҳои инноватсиониро барои бизнес ва ҳаёти ҳаррузаи мизоҷони худ пешниҳод менамояд, номзадҳои арзандаро барои ишғоли вазифаи холӣ баррасӣ менамояд!
КОРШИНОС ОИД БА РОБИТА БО ҶОМЕА (PR)
Вазифаҳои асосӣ:
Таҳия ва татбиқ намудани стратегияи ҳамаҷонибаи Ширкат оид ба робита бо ҷомеа;
Кор бо васоити ахбори омма (ВАО): таҳия ва ҷорӣ намудани стратегияи самараноки ҳамкорӣ / омода ва паҳн кардани баёнияҳои матбуотӣ, бюллетенҳои ахборотӣ ва дигар PR – маводҳо / ташкил намудани конфронсҳои матбуотӣ, мусоҳибаҳо, вохӯриҳо ва дигар чорабиниҳо барои ВАО / мониторинг ва таҳлил намудани нашрияҳо дар бораи Ширкат ва мувофиқати фарогирии он;
Ташкил ва гузаронидани PR – иқдомҳо, чорабиниҳо ва намоишгоҳҳо: таъсис додани консепсия ва шакли чорабиниҳо, ки ба мақсадҳои Ширкат мувофиқ аст / интихоби макон, ҳамоҳангсозии кор бо таҳвилгарони хизматрасониҳо ва шарикон / арзёбии самаранокии чорабиниҳо ва омода намудани ҳисобот;
Кор бо блогерҳо ва пешвоёни афкор дар соҳаи телекоммуникатсия: ҳамкорӣ бо блогерҳои муҳим, коршиносон ва таъсиргузорҳо / таҳия намудани барномаҳо, ҳамкорӣ оид ба сохтани контентҳо ва иқдомҳои муштарак / таҳлил намудани самаранокии ҳамкорӣ ва таъсири он ба шунаванда;
Мониторинг ва таҳлили бозор, фаъолияти рақибон ва тамоюлҳои ҷорӣ дар робитаи оммавӣ;
Идора намудани буҷа ва муносиб намудани хароҷот оид ба PR;
Идоракунии ҳолатҳои бӯҳронӣ ва таҳия намудани нақшаҳои эътино кардан ба хавфҳои обрӯюэътибори Ширкат;
Идоракунӣ ва назорати маводҳои иттилоотӣ дар сомонаи расмӣ ва дастгирии саҳифаҳои корпоративии Ширкат дар шабакаҳои иҷтимоӣ;
Иҷрои дигар вазифаҳое, ки ба робита бо ҷомеа алоқаманд аст.
Талаботҳои асосӣ:
Маълумоти олӣ – ҳатмӣ;
Таҷрибаи корӣ дар соҳаи PR - на кам аз 3 сол / таҷрибаи кор дар соҳаҳои рузноманигорӣ, телекоммуникатсия, бонкдорӣ, FinTech ё e-commerce бартарият дорад;
Донистани асосҳои соҳаи телекоммуникатсия;
Таҷрибаи навиштани мақолаҳо ва иштироки фаъол дар ташкил намудани намоишгоҳҳо;
Доштани базаи алоқаҳо дар ВАО;
Доштани портфолио ва намунаҳои таҷрибаи муваффақ;
Истифодабарандаи хуби компютери шахсӣ ва системаҳои/барномаҳои муосири иттилоотӣ;
Донистани забонҳои давлатӣ ва русӣ (малакаҳои аълои шифоҳӣ ва хаттӣ), донистани забони англисӣ бартарият медиҳад.
Бартарияти мо:
Барасмиятдарорӣ мутобиқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини тамоми кафолату имтиёзҳои ҳатмии иҷтимоӣ;
Офиси замонавӣ дар маркази ш.Душанбе (МТ «Созидание»);
Реҷаи кории мусоид: 09:00 – 18:00, 5/2;
Музди меҳнати рақобатпазир;
Таъмини алоқаи мобилии корпоративӣ ва шароити имтиёзнок барои оила ва дӯстон;
Дигар ҷубронҳо ва имтиёзҳо тибқи тартибот ва низомномаҳои дохилӣ.
Номзадҳои манфиатдор метавонанд дархост / маълумотномаи (CV) худро ба почтаи электронии корпоративии job@zet-mobile.com то 30 ноябри соли 2024 ирсол намоянд. Телефон барои тамос: +992 91 905 0189 (танҳо дар вақти корӣ).
Ҳангоми ирсол намудани дархост хоҳиш карда мешавад, ки номгӯи вазифаи холии “Коршинос оид ба робита бо ҷомеа (PR)” дар мавзӯи мактуби электронӣ нишон дода шавад.
Ба мусоҳиба танҳо номзадҳое даъват карда мешаванд, ки ба талаботҳои вазифа ва Ширкат ҷавобгӯ мебошанд.
Эълонҳои монанд
Аз натиҷаҳои ҷустуҷӯҳои худ натиҷагирӣ кунед