Менеҷери кор бо терминалҳои худкори худхизматрасон
ҶДММ ТАҚҲ “Пайванд Гуруҳ” довталабонро ба вазифаи менеҷери кор бо терминалҳои худкори худхизматрасон ба кор даъват менамояд.
Вазифаҳои гузошташаванда.
- гузаронидани мониторинги (санҷиши) терминалҳои худкори худхизматрасон;
- баҳисобгирии тавозуни терминалҳои худкори худхизматрасон;
- пешбурди назорат аз болои фаъолияти кормандони терминалҳои худкори худхизматрасон;
- омода ва пешниҳод намудани ҳисоботҳои талабшаванда ( ҳуҷҷатҳои лозима ба корманд нишон ва омӯзонида мешавад)
Талаботҳо:
- дорои таҳсилоти олӣ;
- шахси аз нигоҳи касбӣ босалоҳият ва боэътимод;
- доштани донишу малака оид ба қонунгузории ҶТ ва санадҳои меъёрии Бонки миллии Тоҷикистон;
- собиқаи кории на камтар аз 1-сола;
Шартҳо:
• ҳафтаи кории панҷрӯза: Душанбе-Ҷумъа
• музди меҳнат шартномавӣ ва пардохтҳои иҷтимоӣ (музди меҳнат ваобаста ба собиқаи кории ҳар сола, дастгирии иҷтимоӣ дар ҷашну маросимҳо, пардохти моҳонаи алоқаи мобилӣ)
• Бақайдгирии расмӣ мутобиқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Хоҳишмандон метавонан резюмеи худро ба почтаи электронии ташкилот hr@payvand.tj то санаи 08.11.2024 сол, ирсол намоянд.
Эълонҳои монанд
Аз натиҷаҳои ҷустуҷӯҳои худ натиҷагирӣ кунед