Менеҷери назорат ва мониторинги қарзҳо дар ш. Хучанд
АБМХ барои ишғол кардани ҷои кории холии вазифаи Менеҷери шуъбаи назорат ва мониторинги қарзҳо барои филиал дар ш. Хуҷанд эълон менамояд.
Корманди ин вазифа роҳбари бахши назорат ва мониторинги қарзӣ буда, масъул оиди мувофиқ нигоҳ доштани амалиётҳои қарзӣ, назорати коргузориҳои кормандон, баланд бардоштани сифати назорати қарзҳо ва гузаронидани омузишҳо барои кормандони зертобеъ мебошад.
Вазифаҳои ассосӣ:
• Идора намудани шуъбаи назорат ва мониторинги қарзии Филиал ва кормандони зертобеъ;
• Таъмини раванди қарздиҳӣ дар Филиал ва МХБ-ҳои зертобеъ мутобиқ ба санадҳои қарздиҳии Бонк;
• Таъмини ҷавобгӯ будани ҳамаи амалиётҳои қарзии Бонк бо талаботҳои сиёсати қарзӣ, дастурамали қарзӣ, дастурамали кумитаи қарзӣ ва дигар санадҳои қарзии Бонк;
• Пурзур кардани раванди назорати қарзҳо дар Филиал;
• Таъмини сифати сандуқи қарзии Филиал ва МХБ-ҳои зертобеъ;
• Таъмини гузаронидани ҳамаи намуди мониторинги қарзӣ;
• Назорат, таъмин ва иштирок дар раванди Кумитаи Қарзӣ: Баррасии дархотҳои қарзӣ, дархости тамдид ва таҷдиди қарз, бахшидани фоизҳо, аз тавозун баровардани қарзҳо ва ғайра.
• Таъмин намудани риоя будани муҳлатҳои муқараршуда;
• Баҳогузории фаъолияти кории кормандони назорати қарзҳо ва мониториги қарзҳо;
• Татбиқи нақшаҳои чорабиҳо (аудити дохилӣ, берунӣ, БМТ, хавф ва дигарҳо);
Талаботҳо:
• Маълумоти олӣ дар риштаи иқтисод, молия ё бонкдорӣ;
• Таҷрибаи собиқаи кории бонкӣ на кам аз 5-сол;
• Донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ. Донистани забони англиси бартарӣ дода мешавад;
• Донистани хуби қонунгузориҳои маҳалӣ;
• Донистани хуби низомномаҳо, дастурамалҳо ва санадҳои меърии ҳуқуқии БМТ;
• Малакаҳои хуби риёзӣ ва таҳлилӣ;
• Маҳорати хуби барномаи Excell;
• Малакаҳои хуби моливӣ ва ҳисобдорӣ;
Хоҳишмандон метавонанд маълумоти шахсии худро (резюме) ба почтаи электронии hr@fmfb.com.tj ё ба филиали ш. Хуҷанд на дертар аз 7 октябри соли 2024 ирсол намоянд.
Лутфан номгӯи вазифаро дар мавзуи мактуб ишора намоед. Танҳо номзадҳои ба талаботҳо ҷавобгӯ ба мусоҳиба даъват карда мешаванд.
Эълонҳои монанд
Аз натиҷаҳои ҷустуҷӯҳои худ натиҷагирӣ кунед