Gender officer / Специалист по гендерным вопросам
Намояндагии Хазинаи Швейтсария оид ба фаъолияти зидди минаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (FSD).
Эълон дар бораи ҷойҳои корӣ:
Хазинаи Швейтсария оид ба фаъолияти зидди минаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (FSD), созмони ғайритиҷоратӣ, мустақил ва беғарази байналмилалии башардӯстона мебошад, ки қароргоҳаш дар Женева/Швейтсария ҷойгир аст.
FSD аз соли 2003 дар Тоҷикистон барномаҳои башардӯстона/лоиҳаҳоро амалӣ мекунад. Ҳадафи FSD иборат аз поксозии минаҳо, боқимондаҳои лавозимоти ҷангии нотаркида ва ифлоскунандаҳои устувори органикӣ иборат мебошад, то одамон тавонанд ояндаи бехатарро барои худ ва насли оянда бунёд кунанд ва дар муҳити бехатар зиндагӣ кунанд.
Ҷойҳои холии зерин дар барномаи FSD дар Тоҷикистон кушода/дастрасанд ва мо бо хушнудӣ ба довталабони ҳавасманд таблиғ мекунем/эълон менамоем.
ЯК (1) нафар барои фаъолиятҳои башардӯстона барои бартараф кардани минаҳо/боқимондаҳои
таркандаи ҷангӣ инчунин татбиқ ва мониторинги фаъолиятҳои ҳассоси гендерӣ бо шартномаи яксола
(бо имкони тамдид) ҷалб карда мешаванд.
Корманд оид ба масъалаҳои гендерӣ барои таъмини баҳисобгирии ҷанбаҳои гендерӣ дар ҳама фаъолиятҳо ва амалиётҳо тибқи талаботи Хазинаи Швейтсария оид ба безараргардонии минаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва стандартҳои миллӣ оид ба минаҳо масъул хоҳад буд.
Талаботҳои асосӣ:
1. Дараҷаи бакалавр дар соҳаи тадқиқоти гендерӣ, илмҳои иҷтимоӣ, рушди байналмилалӣ ё соҳаи марбут. Дараҷаи магистр батарӣ дорад.
2. Таҷрибаи корӣ дар соҳаи баҳисобгирии масъалаҳои гендерӣ, баробарии гендерӣ ё соҳаҳои марбута на камтар аз 2 сол.
3. Дониши амиқи асосҳо ва воситаҳои таҳлили гендерӣ.
4. Таҷрибаи тасдиқшуда дар таҳия ва татбиқи ташаббусҳои омӯзишӣ ва эҷоди потенсиали марбут ба масъалаҳои гендерӣ.
5. Малакаҳои аълои таҳлилӣ, малакаҳои гузаронидани тадқиқот ва ҳисоботдиҳӣ.
6. Малакаҳои қавии муошират ва малакаҳои байнишахсӣ, ки ба шумо имкон медиҳанд, ки дар муҳити бисёр фарҳангӣ ва байнисоҳавӣ самаранок кор кунед.
7. Дониши мукаммал дар соҳаи фаъолият дар ин самт.
8. Қобилияти баланди ташкилотчигӣ ва дуруст истифода бурдани вақти корӣ.
9. Қувватмандии ҷисмонӣ ва қобилияти меҳнат кардан дар саҳро.
10. Имконияти истифодаи таҷҳизоти электронӣ (компютер, GPS ва ғ.)
11. Кӯмак ба кори роҳбарияти гурӯҳ.
12. Давомнокии кори саҳро аз ҳаҷми амалиёт вобаста аст.
13. Донистани забони англисӣ (гуфтугӯ, хондан ва навиштан) талаб карда мешавад.
Ҷойгиршавӣ:
Вазифа дар Душанбе бо баъзе сафарҳо дар саросари кишвар ҷойгир карда мешавад.
Маълумот иловагӣ:
• Дархост (CV) бояд ба забони англисӣ ба суроғаи зерин тавассути мактуб ё бо почтаи электронӣ ирсол карда шавад:
• суроға: Тоҷикистон, ш.Душанбе, кӯчаи Қ.Раҳимов 26, гузаргоҳи 2 (назди тарабхонаи Шаҳрисабз), tajikistan@fsd.ch
• Дархостҳо фақат дар сурате қабул карда мешаванд, ки шахсан ё тавассути почта, ё почтаи электронӣ ирсол карда шаванд.
• Мӯҳлати ниҳоӣ барои пешниҳодот: - то санаи 23 июли соли 2023, соати 17:00
Пешниҳодҳо баробари дастрас шудани онҳо баррасӣ карда мешаванд.
Ба мусоҳиба фақат номзадҳое даъват карда мешаванд, ки ба талаботи эълони корӣ мувофиқат намоянд.
Барои маълумоти бештар, бо телефони:- 888008899 (аз соати 8:00 то 17:00)
Эълонҳои монанд
Аз натиҷаҳои ҷустуҷӯҳои худ натиҷагирӣ кунед