Мутахассиси шӯъбаи қарзҳои хурд дар ш.Турсунзода
АБМХ ҷои кори холии вазифаи Мутахассиси шӯъбаи қарзҳои хурд-ро барои МХБ-ҳо дар ш. Турсунзода эълон менамояд.
Корманди шӯъбаи қарзҳои хурд мустақиман барои кор бо мизоҷони қарзӣ, назорати ҷараёни додани қарз ва тасдиқ кардани аризаҳои қарзӣ дар доираи фаъолияташ, пардохт кардани қарз; барои ҷалб кардани мизоҷони нав ва барои дуруст назорат кардани кору фаъолияти мизоҷ ва тавонои ӯ барои пардохти қарз масъул мебошад.
Талаботҳо:
• Маълумоти олӣ дар соҳаи иқтисод, молия ё бонкдорӣ
• На камтар аз 2 сол таҷрибаи корӣ дар низоми бонкӣ, бартарият ба таҷриба дар бахши қарздиҳӣ дода мешавад;
• Тавоноии вокеъии идоракунии кормандон дар муҳити таъғирёбанда;
• Дониши хуби забонҳои точикӣ, русӣ ва ба дониши забони англисӣ бартарият дода мешавад;
• Шиносоии хуб бо қонунгузории ҶТ;
• Маҳоратҳои хуби бозоршиносӣ ва муошират;
• Малакаҳои хуби компютерӣ.
Довталабони ҳавасманд метавонанд ҳуҷҷатҳои худро ба суроғаи электронии hr@fmfb.com.tj на дертар аз 30 августи соли 2024 ирсол намоянд.
Танҳо номзадҳои ба талаботҳои вазифа ҷавобгу ба мусоҳиба даъват карда мешаванд.
Эълонҳои монанд
Аз натиҷаҳои ҷустуҷӯҳои худ натиҷагирӣ кунед