Менеҷер оид ба идоракунии хавфи комплаенс
АБМХ барои ишғоли ҷои корӣ ба вазифаи Менеҷер оид ба идоракунии хавфи комплаенс дар Саридораи бонк дар ш. Душанбе озмун эълон менамояд.
Вазифаи ин менеҷер – идоракунии хавфи комплаенс, аз ҷумла саривақт муайян намудан ва баҳо додани фаъолияти бонк аз ҷиҳати риоя гардидани тартиботҳои дохилии бонк ба талаботҳои қонунгузории ҶТ, аз ҷумла санадҳои меъёрию ҳуқуқии БМТ мебошад.
Талаботҳо:
• Маълумоти олии иқтисодӣ;
• Донистани тамоми талаботҳои қонунҳои соҳаи бонкӣ, аз ҷумла Дастурамалҳои БМТ;
• Доштани таҷрибаи корӣ на камтар аз 3 сол дар соҳаи бонкӣ, дар шуъбаҳои амалиётӣ, хавф ё аудит;
• Донистани раванҳои тиҷорат/маҳсулот ва хизматрасониҳои бонкӣ;
• Mаҳорати баланди ибрози андеша тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ, пеш бурдани муросилот бо забонҳои давлатӣ ва русӣ. Донистани забони англисӣ бартарӣ дорад;
• Таҷрибаи кор бо Microsoft Office (Word, Excel, PowerPoint)
Довталабони ҳавасманд метавонанд ҳуҷҷатҳои худро ба суроғаи электронии hr@fmfb.com.tj ирсол намоянд.
Танҳо номзадҳои интихобшуда барои мусоҳиба даъват карда мешаванд.
Эълонҳои монанд
Аз натиҷаҳои ҷустуҷӯҳои худ натиҷагирӣ кунед