Мутахассиси шуъбаи қарзҳои хурд
АБМХ ҷои кори холии вазифаи Мутахассиси шӯъбаи қарзҳои хурд-ро барои МХБ дар Панҷакент эълон менамояд.
Корманди шӯъбаи қарзҳои хурд мустақиман барои кор бо мизоҷони қарзӣ, назорати ҷараёни додани қарз ва тасдиқ кардани аризаҳои қарзӣ дар доираи фаъолияташ, пардохт кардани қарз; барои ҷалб кардани мизоҷони нав ва барои дуруст назорат кардани кору фаъолияти мизоҷ ва тавонои ӯ барои пардохти қарз масъул мебошад.
Талаботҳо:
• Маълумоти олӣ дар соҳаи иқтисод, молия ё бонкдорӣ
• На камтар аз 2 сол таҷрибаи корӣ дар низоми бонкӣ, бартарият ба таҷриба дар бахши қарздиҳӣ дода мешавад;
• Тавоноии вокеъии идоракунии кормандон дар муҳити таъғирёбанда;
• Дониши хуби забонҳои точикӣ, русӣ ва ба дониши забони англисӣ бартарият дода мешавад;
• Шиносоии хуб бо қонунгузории ҶТ;
• Маҳоратҳои хуби бозоршиносӣ ва муошират;
• Малакаҳои хуби компютерӣ.
Довталабони ҳавасманд метавонанд ҳуҷҷатҳои худро ба суроғаи электронии hr@fmfb.com.tj ё ба филиали ш. Хуҷанд на дертар аз 14 октябри соли 2024 ирсол намоянд.
Танҳо номзадҳои ба талаботҳои вазифа ҷавобгу ба мусоҳиба даъват карда мешаванд.
Эълонҳои монанд
Аз натиҷаҳои ҷустуҷӯҳои худ натиҷагирӣ кунед