Инкассатор
Ташкилоти амонатии қарзии хурд «ФУРӮЗ» аз моҳи марти соли 2006 қарзҳои хурду миёна дар ш. Душанбе, ш. Ҳисор ва дар вилояти Хатлон дода истодааст. ФУРӮЗ аз руи қарзҳои додашуда дар чойи шашум дар байни ташкилотҳои маблағгузорӣ мебошад ва дар баъзи ноҳияҳо то 15%-и ҳиссаи бозор аз худ кардааст. Миссияи ФУРӮЗ додани қарз барои рушди тиҷоратҳои хурду миёна ва ташкил кардани чойи кор мебошад. Дар Ташкилоти Қарзии Хурд «ФУРӮЗ» 120 корманд дар Саридораи ш. Бохтар ва дар 8 то маркази хизматрасонии бонкӣ фаъолият доранд. Муасиссони ташкилот аз Аврупо, Амрико ва Сингапур ҳастанд.
Вазифаҳои асосӣ:
• Ташкил ва ҷамъоварии ҳамлу нақли воситаҳои пулии нақд ва дороиҳои қимматнок;
• Ҳамлу нақли воситаҳои пулии нақли мизоҷон, терминалҳои пардохтӣ ва банкоматҳо;
• Таъмини амнияти воситаҳои пулии нақд ва дороиҳои қимматнок дар ҳолати ҳамлу нақл ва фаъолияти корӣ;
• Идоракунии автомобилии хизматии махсускунонидашуда
Талаботҳо:
• Доштани маълумоти олӣ (афзалият дорад);
• Дониши барномаҳои компютерӣ MS Office (Word, Excel);
• Донистани қонунҳои амаликунандаи ҶТ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки ба соҳа алоқаманд мебошанд;
• Хизмати ҳарбӣ дар қувваҳои артиши миллӣ ё сохторҳои низомӣ;
• Саводнокии хуби хаттӣ ва муомилоти хуб;
Довталабони ҳавасманд метавонанд ҳуҷҷатҳои худро (CV/Resume) ба суроғаи электронии hr@furuz.tj (дар мавзӯи мактуб номи вазифае, ки месупоред қайд намоед) ва ё ба Филиали ТАҚХ “Фуруз” дар шаҳри Душанбе, кӯчаи С.Шерозӣ 11 пешниҳод намоянд.
Телефон барои маълумот: 988 35 08 48; 72 72;
Танҳо номзадҳое, ки ба талаботҳои вазифа ҷавобгӯ мебошанд, ба суҳбат даъват карда мешаванд.
Эълонҳои монанд
Аз натиҷаҳои ҷустуҷӯҳои худ натиҷагирӣ кунед