Внутренний аудитор
Ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Ташкилоти амонатии қарзии хурди "Азизи-Молия" дар ш. Хучанд Аудитори дохила лозим аст. ООО МДО "Азизи-Молия"Вазифаҳои асосӣ:• Мусоидат ва иштироки бевосита дар банақшагирии аудитҳо, арзёбии хатарҳо, таҳияи барномаҳои аудит, методологияи аудит ва ташкили фаъолияти Раёсати аудити дохилӣ;• Мутобиқи нақшаи аудит сари вақт гузаронидани санҷишҳо, мунтазам ба роҳбари бевосита пешниҳод намудани мушоҳидаҳо ва таҳлилҳои муфассал аз рӯи натиҷаҳои аудит;• Дар ҳолати зарурӣ гузаронидани санҷишҳои махсус ва тафтишоти дохилӣ;• Муайян ва арзёбии хавфҳо дар низоми назорати дохилӣ, арзёбии мутобиқати равандҳои бизнеси мавҷуда ба талаботи қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ, пешниҳоди тавсияҳо оид ба такмили низоми назорати дохилӣ;• Идоракунии фаъолияти кормандон дар гурӯҳи корӣ, баҳодиҳии кори онҳо;• Мониторинги иҷрои тавсияҳо аз рўи натиҷаҳои санҷишҳо.Талабот:• таҳсилоти олӣ (дар соҳаҳои иқтисод, молия, ҳуқуқ, менеҷмент, технологияҳои иттилоотӣ афзалиятнок дониста мешаванд);• На камтар аз 3 сол таҷрибаи корӣ дар муассисаҳои молиявӣ ё ширкатҳои аудиторӣ;• Таҷриба дар аудити дохилӣ/берунӣ ё таҳлили молиявӣ ва баҳисобгирии муҳосибӣ;• Донистани талаботи асосии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ, ки фаъолияти ташкилотҳои молиявиро танзим мекунанд;• Донистани стандартҳои МСФО, стандартҳои байналмилалии аудити дохилӣ, андозбандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;• Таҷриба ва дониш дар арзёбии хатарҳо;• Доштани шаҳодатномаҳои тахассусии CAP/CIPA/CIA/GARP бартарият аст;• Дониши хуби забони давлатӣ ва русӣ барои ҳисоботдиҳии мунтазами аудиторӣ. (донистани забони англисӣ бартарият аст);• Омодагӣ ба сафарҳои корӣ ба воҳидҳои сохтории Ташкилот;• Қобилияти истифодабарии компютерҳо ва таҷҳизоти идоравӣ;• Истифодабарии боэътимоди бастаи MS Office;• Таҷриба бо AБС (барномаҳои бонкӣ);• Таваҷҷуҳи зиёд ба соҳаи аудит;• Қобилияти кор дар даста ва ба осонӣ пайдо кардани ҳамдигарфаҳӣ, инчунин рафтори боваринок ва касбӣ ҳангоми кор бо ҳамкорон ва мизоҷон.Шартҳо:• Хафтаи кории панҷруза: Душанбе-Ҷумъа• Музди меҳнат шартномавӣ• Бақайдгирии расмӣ мутобиқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии ТоҷикистонДовталабони ҳавасманд метавонанд ҳуҷҷатҳои худро (CV/Resume) ба суроғаи ш.Хучанд хиёбони И.Сомони 203б ё ба почтаи электронии info@azizi-moliya.tj равон намояд. (44) 630 20 10
Azizi-Moliya,
15.08.2024 09:19,
Хуҷанд
Ҷои кор »
Бонкҳо, суғурта, лизинг