SMM - менеҷер
Ширкати “Мушовирон” ширкати консалтингии ватанӣ буда, айни замон ба мо як нафар маркетолог лозим аст, ки дорои таҷрибаи кор дар ширкатҳои дохилию хориҷӣ бошад.
Вазифаҳои асосӣ:
Пешбурди саҳифаҳои ширкатҳои мо дар сомонаҳои иҷтимоӣ;
Омода намудани контенти публикатсияҳо бо забонҳои русӣ ва тоҷикӣ;
Таҳлили бозори дохилӣ ва хориҷӣ дар самтҳое, ки мо фаъолият мекунем;
Ҷавоб гардонидан ба комментҳою саволҳои мизоҷон оиди хизматрасониҳои мо;
Назорат аз болои сифати саҳифаҳои иҷтимоӣ;
Дигар супоришҳои Роҳбарият;
Синну сол аз 20 то 35 сола.
Талаботҳо:
Таҷрибаи корӣ аз 1 сол зиёд ва ё бетаҷрибаи корӣ;
Доштани маълумоти олӣ ва ё сертификати тахассусӣ;
Доштани қобилияти муоширати касбӣ;
Донистани забонҳои тоҷикӣ, русӣ (забони англисӣ афзалият дорад);
Доштани қобилияти ҳамкорӣ бо шарикон, мизоҷон ва сохторҳои давлатӣ;
Арзишҳои мо:
• Шаффофият;
• Бовиҷдонӣ;
• Худтакмилдиҳӣ;
• Ростқавлӣ.
Пешниҳоди мо:
Кор дар ширкати ватании зудрушдкунанда бо маоши хуб ва бонус;
Ба кор қабул намудан дар асоси Кодекси меҳнати ҶТ;
Коллективи ҷавонони серталаб;
Қаҳваи ройгон.
Агар ба худ боварӣ доред ва ташнаи кор ҳастеду масъулиятшиносед, пас то санаи 20.07.2024 тарҷумаи ҳоли (CV) худро ба почтаи электронии ss.mehrubon@gmail.com ирсол намоед.
Эълонҳои монанд
![SMM менеджер](https://cdn.somon.tj/media/cache1/14/31/14313085b41fc2fc16c0385e086dd61c.webp)
![Графический дизайнер](https://cdn.somon.tj/media/cache1/32/02/3202da1e803424ea1e946d681ef708ac.webp)
![Графический дизайнер](https://cdn.somon.tj/media/cache1/1f/3d/1f3d461eab64fae5dedcd54585f97d3f.webp)
![СММ специалист](https://cdn.somon.tj/media/cache1/84/78/847844d3c273cdb60e0154d4ba11933c.webp)
![Промоутер](https://cdn.somon.tj/media/cache1/7d/64/7d643c1a143dda88ccbd5d44f6924dd1.webp)
![](https://somon.tj/static/images/yoti/img1_scan.ffe9a7ec4032.jpg)
![](https://somon.tj/static/images/yoti/img2_face.be8f02674290.jpg)
Аз натиҷаҳои ҷустуҷӯҳои худ натиҷагирӣ кунед