Ҳуқуқшинос
Ширкати “Мушовирон” ширкати консалтингии ватанӣ буда, айни замон ба мо як нафар ҳуқуқшиноси касбӣ лозим аст, ки дорои таҷрибаи кор дар ширкатҳои дохилию хориҷӣ бошад.
Вазифаҳои асосӣ:
Омода намудани заминаи ҳуқуқии ширкат;
Омода намудани Шартномаҳо;
Кор бо ҳуҷҷатгузориҳои дохилӣ;
Омода намудани ҳуҷҷатҳо барои гирифтани иҷозатномаҳо;
Бақайдгирии ширкатҳои мизоҷон дар мақомотҳои давлатӣ (мо роҳнамоӣ мекунем);
Омода намудани фармонҳои кормандон;
Омода кардани парвандаҳои шахсии кормандон;
Дигар супоришҳои Роҳбарият.
Талаботҳо:
Таҷрибаи корӣ аз 1 сол зиёд ва ё бе таҷрибаи корӣ;
Доштани маълумоти олии ҳуқуқӣ;
Доштани қобилияти муоширати касбӣ;
Донистани забони русӣ (забони англисӣ афзалият дорад);
Доштани қобилияти ҳамкорӣ бо шарикон, бахши хусусӣ ва сохторҳои давлатӣ;
Донистани қонунҳои соҳаи молиявию иқтисодӣ, Кодекси гражданӣ ва Кодекси меҳнат.
Синну сол аз 20 то 35 сола.
Арзишҳои мо:
• Шаффофият;
• Бовиҷдонӣ;
• Худтакмилдиҳӣ;
• Ростқавлӣ.
Пешниҳоди мо:
Кор дар ширкати ватании зудрушдкунанда бо маоши хуб ва бонус;
Ба кор қабул намудан дар асоси Кодекси меҳнати ҶТ;
Сафарҳои хизматӣ дар дохил ва хориҷи кишвар;
Коллективи ҷавонони серталаб;
Қаҳваи ройгон.
Агар ба худ боварӣ доред ва ташнаи кор ҳастеду масъулиятшиносед, пас то санаи 20.07.2024 тарҷумаи ҳоли (CV) худро ба почтаи электронии ss.mehrubon@gmail.com ирсол намоед.
Эълонҳои монанд
![Аудитор торговых точек](https://cdn.somon.tj/media/cache1/c9/8e/c98e49135f369a61b491762c44570c50.webp)
![Экономист](https://cdn.somon.tj/media/cache1/02/a5/02a5b547f3d551482b2e9fa5dec4d9ba.webp)
![Кассиры г.Душанбе](https://cdn.somon.tj/media/cache1/84/78/847844d3c273cdb60e0154d4ba11933c.webp)
![Специалист отдела бюджетирования](https://cdn.somon.tj/media/cache1/02/a5/02a5b547f3d551482b2e9fa5dec4d9ba.webp)
![Аналитик](https://cdn.somon.tj/media/cache1/7d/64/7d643c1a143dda88ccbd5d44f6924dd1.webp)
![Кассир](https://cdn.somon.tj/media/cache1/4e/c7/4ec774b663dc392e09342cc1da19e81d.webp)
![](https://somon.tj/static/images/yoti/img1_scan.ffe9a7ec4032.jpg)
![](https://somon.tj/static/images/yoti/img2_face.be8f02674290.jpg)
Аз натиҷаҳои ҷустуҷӯҳои худ натиҷагирӣ кунед