Хазинадор дар филиали н.Дустӣ

Дӯстӣ (Ҷиликул)
Санаи ҷойгиршавӣ: 04.07.2024 10:08 ID эълон: 12024928
  • Таҷриба: аз 1 сол
  • Ном ё суроғаи ширкат/корхона: к. Ҷ. Расуллов 9
  • Реҷаи кор: Рузона
  • Самти фаъолияти ширкат/корхона: Кори бонкӣ

Ӯҳдадориҳои асосӣ:

• Ба мизоҷони ТАҚХ «ФИНКА» бо эҳтиром ва самимона хизматрасониҳои босифатро фароҳам меорад;

• Ҳангоми дубора шумурдани воситаҳои пулӣ бодиққатӣ ва покизакориро зоҳир намуда, дар вақти гирифтан ва ё таҳвили маблағҳои пулӣ ба хатогӣ роҳ намедиҳад;

• Шарту шароитҳои қарздиҳӣ ва сиёсату тартиботҳои ширкатро ба мизоҷони наву такрорӣ фаҳмонида медиҳад;

• Ҳангоми таҳвили воситаҳои пулӣ ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсро тафтиш менамояд;

• Пеш аз қабул кардан ё таҳвили пул дуруст пур карда шудани ҳуҷҷатҳои хазинавиро тафтиш мекунад ва мавҷуд будани ҳама имзоҳои заруриро санҷида мебарояд;

• Дар ҳолати ба зиммаи хазинадор вогузошта шудани ӯҳдадориҳои «ифтитоҳдиҳанда» («инаугуратор») – ӯ ба мизоҷон муқаррароти шартномаи қарзиро баён менамояд ва ба онҳо ҷадвали пардохти қарз, муҷозотҳои ҷаримавӣ ва ӯҳдадориҳояшонро фаҳмонида медиҳад.

• Воситаҳои пулии қабулшуда ва таҳвилшударо дар китобҳои хазинавии марбута сабт менамояд;

Ихтисоси матлуб:

• Маълумоти олӣ ё миёнаи махсус аз рӯи тахассуси муҳосиб, иқтисодчӣ, мутахассиси молиявӣ;

• Мавҷудияти Шаҳодатнома (сертификат) барои иҷрои амалиётҳои мубодилавӣ;

• Донистани кор бо компютер (барномаҳои Word, Excel);

• Донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ҳатмӣ аст;

• Малакаҳои хуби муоширати хаттӣ ва шифоҳӣ;

• Покизакорӣ ва масъулиятнокӣ;

________________________________________

Шароитҳои кор ва музди меҳнат дар алоҳидагӣ муҳокима карда мешаванд. Танҳо номзадҳое, ки ба талабот ҷавобгӯянд, барои мусоҳиба даъват карда мешаванд.

________________________________________ Лутфан дархостҳои худро (резюме бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ё англисӣ) то 17 июли соли 2024 ба суроғаи н. Дӯстӣ, кӯч. А.Рӯдакӣ 71, идораи ФТАҚХ “ФИНКА” ё ба суроғаи электронӣ: hr@finca.tj ирсол намоед (дар сатри мавзӯи мактуб мавқеи дархостшударо нишон диҳед), телефон барои маълумот: (+992) 93 575 15 33

ҶДММ ТАҚХ ФИНКА тарафдори фароҳам овардани имкониятҳои баробари касбӣ барои мардон ва занон аст, аз ин рӯ мо ҳамаи занони соҳибихтисосро даъват менамоем, ки дар ин озмун фаъолона ширкат варзанд.

Барои таваҷҷуҳатон ба ташкилоти мо ташаккур изҳор менамоем!

Эълонҳои монанд

  • Мутахассис оид ба хизматрасонии мизоҷон
    Уҳдадориҳои асосӣ:• Машваратдиҳӣ ва мушаххасгардонии мизоҷони имконпазир ва мизоҷони фаъол, амонатгузорон ва қабулкунандагон/интиқолдиҳандагони маблағҳо. • Мусоидат ба мизоҷони имконпазир ва мизоҷони фаъол дар пуркунии варақаҳои зарурӣ барои анҷомдиҳии амалиётҳо вобаста ба қарзгирӣ, амонатҳо ва интиқоли маблағҳо. • Чоп кардани кулли ҳуҷҷатҳое, ки барои амалисозии фаъолият оид ба қарзҳо, амонатҳо ва интиқоли маблағҳо зарур мебошанд. • Воридсозии маълумоти зарурӣ ба ҳисоботҳои FORS ва таъминоти барномавии низоми интиқоли маблағҳо. • Гирд овардани ҳуҷҷатҳои зарурии қарзгирони имконпазир ва қарзгирони фаъол барои анҷомдиҳии амалиётҳо вобаста ба қарзҳо, амонатҳо ва интиқоли маблағҳо. • Огоҳонидани қарзгирон дар бораи қарор аз рӯйи дархостҳо. • Нусхабардорӣ ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба Шуъбаи Андеррайтинг ва протсесесинги Саридораи ФТАҚХ.• Гузаронидани расмиёти ифтитоҳӣ (инаугуратсия) ҳангоми додани қарз ва кушодани суратҳисоби амонатӣ.• Санҷиш ва таъмини мутобиқати маълумотҳои шиносномавии мизоҷон бо маълумотҳои Таъминоти барномавӣ ва низоми Интиқоли маблағҳо.• Ташаккулдиҳӣ ва нигоҳдории парвандаҳои қарзӣ ва амонатии мизоҷон, инчунин ҷузвадони мизоҷ оид ба интиқоли маблағҳо. Талабот нисбати номзадон:• Таҳсилоти олӣ / миёнаи махсус;• Таҷрибаи на камтар аз 6-моҳа дар соҳаи маблағгузории хурд;• Дониш оид ба маҳсулотҳои қарзӣ ва амонатӣ;• Таҷрибаи корӣ дар НАБ Flexcube;• Донишу малакаҳои кор бо компютер (Word, Excel, Internet, Outlook);• Салоҳияту кордонӣ, покизакорӣ ва бодиққатӣ нисбати ҷузъиёт;• Донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ________________________________________Шароитҳои кор ва музди меҳнат дар алоҳидагӣ муҳокима карда мешаванд. Танҳо номзадҳое, ки ба талабот ҷавобгӯянд, барои мусоҳиба даъват карда мешаванд. ________________________________________Лутфан дархостҳои худро (резюме бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ё англисӣ) то 03 июли соли 2024 ба суроғаи н. Дӯстӣ, кӯч. А. Рудаки 71, идораи ТАҚХ “ФИНКА” ё ба суроғаи электронӣ: hr@finca.tj ирсол намоед (дар сатри мавзӯи мактуб мавқеи дархостшударо нишон диҳед), телефон барои маълумот (+992) 93 575 15 33Ташаккур барои таваҷҷўҳ ба Ташкилоти мо!
    ФИНКА Таджикистан, 19.06.2024 10:28, Дӯстӣ (Ҷиликул)
    Ҷои кор » Бонкҳо, суғурта, лизинг


  • Шартномавӣ
    ФИНКА Таджикистан ФИНКА Таджикистан

    Дар сайт аз май, 2016

    Дигар молҳои ин фурӯшанда
    Ба дигарон гуфтан
    ×

    You need to pass document verification to proceed
    Take a photo of document
    Scan your face by camera
    Pass document verification
    After passing documents verification you will be able to create ads and contact sellers.
    Your document verification is now being processed.
    This usually takes up to 60 minutes.
    After passing documents verification you will be able to create ads and contact sellers.
    Error 400
    Ҷустуҷӯҳоро ба хотир гиред!
    Ба тугмачаи "Обуна шудан ба натиҷаи ҷустуҷӯ" зер кунед
    Аз натиҷаҳои ҷустуҷӯҳои худ натиҷагирӣ кунед
    Эълонҳоро ба рӯйхати эълонҳои интихобшуда илова кунед
    Нажмите кнопку в форме звезды и это объявление сохранится в разделе "Избранное", где вы сможете просмотреть все избранные объявления