Мутахассиси шуъбаи бэк офиси амалиётӣ
Furuz ташкилоти амонатии қарзии хурд буда, ба аҳолии Тоҷикистон барои тиҷорат, рушди кишоварзӣ ва ниёзҳои истеъмолкунандагон қарзҳои хурд ва миёна пешниҳод менамояд.
Муассисони ташкилот аз Аврупо, Амрико ва Сингапур мебошанд.
Саридораи Ташкилот дар ш.Бохтар буда, айни ҳол марказҳои хизматрасонии мо дар шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор, Бохтар ва ноҳияҳои Кушониён, Ҷ.Балхӣ, Шаҳритус, Ҳамадонӣ бомуваффақият фаъолият доранд.
Вазифаи кор:
• Хизматрасонӣ ба мизоҷони қарзӣ (тартиб додани шартнома, чадвали супоридани қарзҳо);
• Гузаронидани тамдид ва таҷдиди қарз дар асоси Пайнавишти кумитаи қарзӣ;
• Гузаронидани маблағҳои пешпардохт дар асоси аризаи мизоҷон;
• Кушодани суратҳисобҳои амонати ва фоизӣ, ҳангоми ҷалб шудани пазандоз аз тарафи мизоҷони шахсони ҳуқуқӣ;
• Назорати амонатҳои кушодашуда вобаста ба маҳсулотҳо;
• Сафарҳои хизматӣ ба зерсохторҳои Ташкилот бо мақсади омӯзиш ё иваз намудани амалиётгарон.
Талабот:
• Маълумот дахлдори молиявӣ ё дигар маълумоти дахлдор.
• Доштани таҷрибаи мувофиқ дар соҳаи муҳосибот/молиявӣ;
• Таҷриба дар соҳаи қарздиҳӣ/бонкдорӣ пазируфта мешавад;
• Салоҳияту кордонӣ, ҳусни муошират ва ташаббускорӣ;
• Малакаи аълосифати кор дар компютер (Ms. Excel).
Довталабони ҳавасманд метавонанд ҳуҷҷатҳои худро (анкета, резюме) ба Саридораи мо воқеъ дар ш.Бохтар, кӯчаи Айнӣ-27 ё ба суроғаи электронии hr@furuz.tj (дар мавзӯи мактуб номи вазифае, ки месупоред қайд намоед) пешниҳод намоянд.
Телефон барои маълумот: 988 35 08 48, 7272;
Танҳо номзадҳое, ки ба талаботҳои вазифа ҷавобгӯ мебошанд, ба суҳбат даъват карда мешаванд.
Эълонҳои монанд
Аз натиҷаҳои ҷустуҷӯҳои худ натиҷагирӣ кунед