Ронанда бо автомашинаи шахсӣ
Furuz ташкилоти амонатии қарзии хурд буда, ба аҳолии Тоҷикистон барои тиҷорат, рушди кишоварзӣ ва ниёзҳои истеъмолкунандагон қарзҳои хурд ва миёна медиҳад.
Саридораи Ташкилот дар ш.Бохтар буда, айни ҳол марказҳои хизматрасонии мо дар шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор, Бохтар ва ноҳияҳои Кушониён, Ҷ.Балхӣ, Шаҳритус, Ҳамадонӣ бомуваффақият фаъолият доранд. Муассисони ташкилот аз Аврупо, Амрико ва Сингапур мебошанд.
Вазифаи кор:
• Кормандони ташкилотро ҳамчун ронанда ба нуқтаҳои лозима расонидан.
• Хизматрасони ба кормандон, аз он ҷумла, барои гузаронидани таҳлили мизоҷ. ба объектҳое, ки дар ноҳияҳои гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир гаштаанд.
• Ҳангоми кор бояд ба мусофирон огоҳ намояд, ки тасмаи бехатариро банданд ва то набанданд ба роҳ набарояд.
• Гузаронидани тамоми корҳо оид ба нигоҳубини воситаи нақлиёт ва таъмири ҷорӣ баъд аз вақти корӣ.
• Пур намудани роҳхати километражҳо ва баҳисобгирии рӯзмарраи нишондодҳои ҳисобкунаки спидометр.
• Риояи қоидаҳо ва ҳамаи аломатҳои роҳ.
Талабот:
• Маълумоти миёна.
• Доштани автомашинаи шахсӣ(иҷорапули барои автомашина пардохт мешавад).
• Донистани қоида ва қонунҳои ҳаракат дар роҳ.
• Таҷрибаи хуб дар муомила ва муошират.
• Дар коллектив кор карда тавонистан.
Довталабони ҳавасманд метавонанд ҳуҷҷатҳои худро (анкета, резюме) ба суроғаи электронии hr@furuz.tj (дар мавзӯи мактуб номи вазифае, ки месупоред қайд намоед) пешниҳод намоянд.
Телефон барои маълумот: 988 35 08 48, 7272;
Танҳо номзадҳое, ки ба талаботҳои вазифа ҷавобгӯ мебошанд, ба суҳбат даъват карда мешаванд.
Эълонҳои монанд
Аз натиҷаҳои ҷустуҷӯҳои худ натиҷагирӣ кунед