Хазиначӣ дар н.Рудакӣ
Ташкилоти Амонатии Қарзии Хурд «ФУРУЗ» аз моҳи марти соли 2006 қарзҳои хурду миёна дар ш. Душанбе, ш. Ҳисор ва дар вилояти Хатлон дода истодааст. ФУРУЗ аз руи қарзҳои додашуда дар чойи шашум дар байни ташкилотҳои маблағгузорӣ мебошад ва дар баъзе ноҳияҳо то 15%-и ҳиссаи бозор аз худ кардааст. Миссияи ФУРУЗ додани қарз барои рушди тиҷоратҳои хурду миёна ва ташкил кардани ҷойи корӣ мебошад. Дар «ФУРУЗ» зиёда аз 120 корманд дар Саридораи ш. Бохтар ва дар 8 то марказҳои хизматрасонӣ фаъолият доранд. Муасиссони ташкилот аз Аврупо, Амрико ва Сингапур мебошанд.
Вазифаи кор:
•Додани пули қарзӣ ва қабул кардани пардохти қарз аз мизоҷ
• Бурдани ҳуҷҷатҳои ташкилот ба бонк
• Бурдани дафтари хазинавӣ
• Бурдани ҳуҷҷатҳои лозимаи хазинавӣ
Талабот:
• Маълумоти миёна (ё олӣ)
• Таҷрибаи кор дар соҳаҳои гуногун
• Донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ.
• Қобилияти робитасозӣ
Пешниҳоди мо:
• Ҳамкорони хуб ва муҳити хуби корӣ
• Дастрас намудани донишҳои муккамал оиди бизнес ва шиносоӣ бо одамони нав
• Омӯзиши баланди ихтисос
• Тараққиёти касбӣ
• Дастгирии ташаббускорӣ
Маош вобаста ба сифати ичроиши кор мукаррар карда мешавад.
Довталабони ҳавасманд метавонанд ҳуҷҷатҳои худро (CV/Resume) ба суроғаи электронии hr@furuz.tj (дар мавзӯи мактуб номи вазифае, ки месупоред қайд намоед)пешниҳод намоянд.
Телефон барои маълумот: 988 35 08 48;
Танҳо номзадҳое, ки ба талаботҳои вазифа ҷавобгӯ мебошанд ба суҳбат даъват карда мешаванд.
Эълонҳои монанд
Аз натиҷаҳои ҷустуҷӯҳои худ натиҷагирӣ кунед