Корманди қарзӣ дар н.Шаҳритус
Ташкилоти Амонатии Қарзии Хурд «ФУРӮЗ» аз моҳи марти соли 2006 қарзҳои хурду миёна дода истодааст. Миссияи «ФУРӮЗ» додани қарз барои рушди тиҷоратҳои хурду миёна ва ташкил кардани ҷойи кор мебошад. Муассисони ташкилот аз Аврупо, Амрико ва Сингапур мебошанд.
Вазифаи кор:
• Ҷалб намудани қарзгирони эхтимолӣ, гузаронидани таҳлили пардохтпазирии мизоҷон ва назорат аз болои қарзгирон то пардохти пурраи қарз;
• Маслиҳатдиҳӣ ба соҳибкорон доир ба тиҷоратҳои хурду миёна;
• Тақсимоти қарзҳо барои тараққии тиҷоратҳои хурду миёна;
• Аз болои фаъолияти соҳибкории мизоҷон назорат бурдан ва маслиҳат додан оид ба ҳисобу китоб, нақшакашии тиҷорат ва муносибати ба одоб нисбат ба тиҷорати худ.
Талабот:
• Маълумоти миёна (ё олӣ);
• Тасавурот доштан оиди ягон намуди соҳибкорӣ;
• На камтар аз 6 моҳ таҷрибаи кор дар соҳаҳои гуногун;
• Донистани забонҳои тоҷикӣ, русӣ;
• Қобилияти робитасозӣ ва муошират;
• Тавонистан кор бо компютер (Excel, Word).
Довталабони ҳавасманд метавонанд ҳуҷҷатҳои худро ба Маркази хизматрасонии мо дар н.Шаҳритус ва ё ба суроғаи электронии hr@furuz.tj (дар мавзӯи мактуб номи вазифае, ки месупоред қайд намоед) пешниҳод намоянд.
Телефон барои маълумот: 988-22-02-91; 7272
Эълонҳои монанд





Аз натиҷаҳои ҷустуҷӯҳои худ натиҷагирӣ кунед
-
This account has a verified association with E-mongolia
-
Verified since
-
Your ad will be marked as verified
-
Advertising will receive more attention and trust