Курси забони англиси барои кудакон

Волидайни муҳтарам, маркази омӯзишии Мелоди Нур бо хушнудӣ курси махсуси омӯзиши забони англисиро барои кӯдакони аз 9 то 12 сола аз рӯйи барномаи шавқовари English Fairy tale (афсонаҳои машҳуртарини адабиёти ҷаҳон) ба роҳ мондааст. Омӯзандагон имконият доранд афсонаҳоро дар шакли аниматсия тамошо карда, калимаҳои зиёде омӯхта ҳамчунин маҳорати навиштан, мантиқан мулоҳиза кардан (тафаккури интиқодӣ), нақл кардан ва муошират кардан бо забони англисиро такмил диҳанд. Курси мазкур тоза ба роҳ монда шуда, натиҷаи он кафолат дода мешавад. Нафароне, ки аз рӯйи барномаи мазкур таълим гирифта истодаанд, аллакай натиҷаи назаррас нишон дода, сатҳи муоширати онҳо бо забони англисӣ хеле инкишоф ёфтааст. Биштобед ва барои номнавис кардан ба рақамҳои зерин дар тамос бошед.
Похожие объявления
Следите за обновлениями в разделе "Избранное"