Ёвари директори генерали

Душанбе
Опубликовано: 11.10.2019 13:27 Номер объявления: 4181694

Ширкати муштараки Тоҷикистону Туркия - ҶДММ “АКИА АВЕСТО АВТОМАТИВ ИНДАСТРИ”, ки истеҳсол ва банду басти автобусҳои мусофирбари тамғаи “AKIA” - ро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, баҳри расидан ба яке аз ҳадафҳои миллӣ - саноатикунонии кишвар саҳм мегузорад, номзадҳои соҳибкасбро ба вазифаи зерин даъват менамояд:

ЁВАРИ ДИРЕКТОРИ ГЕНЕРАЛӢ

Ӯҳдадориҳои асосӣ:

 Нақшаи рӯзи кории директори генералиро тартиб медиҳад (зангҳои телефонӣ, вохуриҳо, қабулҳо ва ғайраҳо); қабули ташрифкунандагонро ташкил намуда, қайди қабули назди директори генералиро мебарад; хизматрасонии техникии вохуриҳои директори генералиро таъмин месозад.

 Таъминоти техникии кори директори генералиро иҷро менамояд (фармоиши чиптаҳо, нақлиёт; ташкили гуфтушунидҳо, вохуриҳо ва ғайраҳо). Сафарҳои корӣ ва шахсии директори генералиро ташкил мекунад: барасмиятдарории дархостҳо барои сафарҳо, бронкунии чиптаҳо ва меҳмонхонаҳо, ташкили пешвозгирӣ дар фурудгоҳ, ёрӣ ба гирифтани раводид ва ғайраҳо.

 Ҷойи кории директори генералиро бо воситаҳои техникаи ташкилотии зарурӣ ва маводҳои канселярӣ таъмин менамояд, шароити мусоид ба фаъолияти самараноки роҳбар фароҳам меорад; риояи тозагӣ ва тартиботро дар ҷойи кории директори генералӣ таъмин менамояд.

 Бо супориши директори генералӣ масъалаҳои алоҳидаро бо кормандони воҳидҳои сохторӣ мувофиқа менамояд, фармоишҳо ва супоришҳои директори генералиро ба маълумоти онҳо мерасонад; иҷрои фармоишҳо ва супоришҳоро ба назорат мегирад.

 Маълумотҳо ва маводҳое, ки ба директори генералӣ зарур мебошанд, ҷамъ мекунад, маводҳои маълумотӣ, таҳлилӣ, иттилоотӣ ва дигарро омода намуда, ба директори генералӣ пешниҳод мекунад.

 Ҳуҷҷатҳоро барои баррасии директори генералӣ қабул менамояд, ҳуҷҷатгузориро мебарад, аризаҳои шахсӣ ва ҳуҷҷатҳоро барои имзои директори генералӣ қабул менамояд, онҳоро ба қайд мегирад, ба директори генералӣ пешниҳод мекунад. Саривақт ва дуруст ҳуҷҷатҳоро ба иҷрокунандагон тақсим намуда, назорат иҷроиш ва маҳфуз доштани ҳуҷҷатҳоро таъмин менамояд.

 Бо супориши директори генералӣ дархостҳо, мактубҳо ва дигар ҳуҷҷатҳоро тартиб медиҳад. Бо дархости директори генералӣ тарҷумаи шифоҳӣ ва хаттиро иҷро менамояд (тоҷикӣ, туркӣ, англисӣ ва русӣ).

 Корҳоро оид ба омода намудани ҷаласаҳо ва вохуриҳои директори генералӣ иҷро менамояд: ҷамъ кардани маводҳои зарурӣ, тайёр намудани ҷой ва таҷҳизот барои вохуриҳо, огоҳ намудани иштирокчиён дар бораи вақт ва макони баргузорӣ, маърӯза, бақайдгирӣ; протоколҳои ҷаласа ва вохуриҳоро мебарад, барасмият медарорад ва ба маълумоти иштирокчиён мерасонад.

Талаботҳои асосӣ:

 Маълумоти олӣ;

 Таҷрибаи корӣ на кам аз 3 сол дар вазифаҳои марбут;

 Дониш ва малака дар соҳаи ҳуҷҷатгузорӣ ва идоракунӣ;

 Истифодабари компютери шахсӣ ва дигар таҷҳизоти кории муосир дар сатҳи баланд;

 Донистани забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ – ҳатмист; забони туркӣ –матлуб аст.

 Сафарҳои хизматӣ дар дохили кишвар.

Номзадҳо метавонанд маълумотномаи (CV) худро ба почтаи электронии hr@akia-avesto.tj бо ҳатман нишон додани номгуи вазифа дар мавзӯъи мактуб ирсол намоянд ва ё ба хадамоти кадрии Ширкат ба суроғаи ш.Душанбе, куч. Н. Қарабоев 200, муроҷиат намоянд.

Танҳо номзадҳое, ки ба талаботҳои вазифа ҷавобгӯ мебошанд, ба мусоҳиба даъват карда мешаванд .

Санаи охирини пешниҳоди дархостҳо: 31 октябри соли 2019

Отправить CV
Не знаете, что написать о себе и как заполнить CV? Скачайте пример CV
Ваше имя*
Ваш телефон*
Ваш Email
Сообщение*
Не знаете, что написать о себе и как заполнить CV? Скачайте пример CV

Другие объявления автора

Хукукшинос
Ширкати муштараки Тоҷикистону Туркия - ҶДММ “АКИА АВЕСТО АВТОМАТИВ ИНДАСТРИ”, ки истеҳсол ва банду басти автобусҳои мусофирбари тамғаи “AKIA” - ро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, баҳри расидан ба яке аз ҳадафҳои миллӣ - саноатикунонии кишвар саҳм мегузорад, номзадҳои соҳибкасбро ба вазифаи зерин даъват менамояд: ҲУҚУҚШИНОС Ӯҳдадориҳои асосӣ: Таҳия ва мувофиқа намудани шартномаҳо ва гузаронидани санҷиши (экспертизаи) ҳуқуқӣ; Барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои марбут ба таъминкунии бастан ва иҷро намудани шартномаҳо (созишномаҳои иловагӣ ва ё протоколҳои мухолифатҳо, замимаҳо ба шартномаҳо, санадҳои қабул ва пешниҳод ва дигар ҳуҷҷатҳои дахлдор); Назорати риоя намудани қонунгузории амалкунандаи марбут ба соҳаи фаъолияти Ҷамъият; Таъмини ҳимояи манфиатҳои Ҷамъият, аз он ҷумла дар судҳо ва иштирок дар мурофиаҳои судӣ; Корбарӣ бо таҳвилкунандагон, пудратчиҳо ва фармоишгарҳо дар масъалаҳои ҳуқуқӣ; Кор бо ҳуҷҷатҳои тендерӣ, таҳлил ва коркарди ҳуҷҷатҳо, бастани шартномаҳо ва ҳароҳии ҳуқуқии онҳо то иҷрои пурраи ӯҳдадориҳои тарафҳо; Иҷрои дигар супоришҳои роҳбари бевосита дар доираи салоҳияти худ. Талаботҳои асосӣ: Маълумоти олии ҳукуқӣ; Таҷрибаи корӣ дар соҳаи ҳуқуқшиносӣ на кам аз 3 сол; Донистани қонунгузории амалкунандаи ҶТ ва байналхалқӣ; Донистани хусусиятҳои соҳаҳои истеҳсолот ва тиҷорат; Қобилияти баланди омузиши дониш ва маълумоти нав; Истифодабари компютери шахсӣ ва дигар таҷҳизоти кории муосир дар сатҳи баланд; Дониш ва малака дар соҳаи ҳуҷҷатгузорӣ ва идоракунӣ; Донистани забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ - ҳатмист.  Сафарҳои хизматӣ дар дохил ва хориҷи кишвар.Номзадҳо метавонанд маълумотномаи (CV) худро ба почтаи электронии hr@akia-avesto.tj бо ҳатман нишон додани номгуи вазифа дар мавзӯъи мактуб ирсол намоянд ва ё ба хадамоти кадрии Ширкат ба суроғаи ш.Душанбе, куч. Н. Қарабоев 200, муроҷиат намоянд. Танҳо номзадҳое, ки ба талаботҳои вазифа ҷавобгӯ мебошанд, ба мусоҳиба даъват карда мешаванд . Санаи охирини пешниҳоди дархостҳо: 30 сентябри соли 2019
Акиа Авесто, 05.10.2019 12:41, Душанбе
Вакансии » Бухгалтерия, финансы, юристы


×

Error 400
Сохраняйте избранные поиски!
Нажмите кнопку "Сохранить поиск" на странице поисковой выдачи
Следите за обновлениями в разделе "Избранное"
Добавляйте объявления в избранное
Нажмите кнопку в форме звезды и это объявление сохранится в разделе "Избранное", где вы сможете просмотреть все избранные объявления