Эксперти қарзӣ

Душанбе Добавлено: 05.11.2016 18:30 Номер объявления: 1720454
Эксперти қарзӣ-1
  • ГрафикПолный день
  • СтажЛюбой

Маркази Таълимии «Таҷрибаи пешкадам дар Бизнес ва Молия» фаъолияти кории худро дар се раванд ба роҳ мондааст:

1. Ҷустуҷӯ ва интихоби кормандон;

2. Омузиш ва гузаронидани тренингҳо;

3. Баҳогузори ва атестатсияи кормандон.

Маркази Таълимии «Таҷрибаи пешкадам дар Бизнес ва Молия» барои ба кор қабул кардани мутахассисон ба филиалхои ЧСП ТАЧХ «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» озмуни чойхои корҳои холи эълон менамояд

ВАЗИФА: ЭКСПЕРТИ ҚАРЗӢ

Минтақаи фаъолият: н.Сино

Талаботҳои тахассусӣ:

• Маълумоти олӣ;

• Таҷрибаи кор дар соҳаи фаъолияти молиявӣ-иқтисодӣ пазируфта мешавад;

• Донистани фазои соҳибкорӣ ва бозорҳои маҳаллӣ;

• Донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ, забони ӯзбекӣ пазируфта мешавад;

• Маҳорати ташкилкунандагӣ;

• Малакаҳои компутерӣ;

• Донистани асосҳои қонунгузорӣ-ҳуқуқӣ, ки ба фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ алоқаманд аст, аз ҷумла, ба танзим даровардани қарзҳо бо гарав ва ҳуқуқҳои хоҷагидорӣ;

• Муоширатнокӣ.

Анкетаро барои вазифаи дархостшаванда метавонед дар сомонаи www.imon.tj пур намоед ё ин ки ҳуҷҷатҳои заруриро (тарҷумаи ҳол, нусхаи шиноснома, нусхаи диплом ва анкетаи пуркарда) ба намояндагиҳои Ташкилот пешниҳод намоед:

Саридора дар ш.Хуҷанд: ш.Хуҷанд микронохияи 17 хонаи 2, Тел: 8 3422 40056, 42352, 66912;

Филиал дар ш.Ваҳдат: ш.Ваҳдат, кучаи Фирдавсӣ 43 Тел: 43(3136) 27326

Филиал дар н.Данғара: шаҳраки Данғара, кучаи Маркази хонаи 26

Тел: 8 3312 2-21-38

Филиал дар нохияи Сино: ш. Душанбе, куч. Махсум хонаи 77/5 Тел: 772 33 98;

Мо кормандони ташаббускор ва боғайратро, ки барои фаъолияти шавқовар ва натиҷабахш кӯшиш менамоянд, ба дастаи худ даъват менамоем.

Мо ба шумо пешниҳод менамоем:

• системаи пешрафтаи ҷалбкунандаи музди маош;

• кор дар ташкилоти боэътимод ва устувор, ки дар бозори молиявӣ беш аз 15 сол инҷониб фаъолият дорад;

• омӯзишьои касбӣ ва имконияти баланд намудани ихтисос дар маркази таълимии худ;

• дастгирии ҳамкорон ва роҳнамоён;

• имконияти пешрафти самаранок дар мансаб ва инкишофи касбӣ;

Танҳо он номзадҳое, ки аз интихоби пешакӣ гузаштаанд, ба давраҳои минбаъдаи озмун даъват карда мешаванд

Мӯҳлати ниҳоии пешниҳоди ҳуҷҷатҳо: то 18 ноябри соли 2016 – соати 17: 00

Ҳуҷҷатҳои ба озмун пешниҳодшуда ба соҳибонашон баргардонида намешавад.

ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ барои кафолати пешниҳод намудани имкониятҳои баробар барои занон ва мардьо кӯшиш менамоя, аз ин рӯ мо занҳои ботахассуси соҳибмаълумотро барои иштирок дар ин озмун исроркорона даъват менамоем.

ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ – МАБЛАҒГУЗОРӢ БО МАҚСАДИ ТАРАҚҚИЁТ!

Эксперти қарзӣ-2

Написать

Ваш Email:

Сообщение:

Договорная
торг

Продавец

На сайте с июн, 2016

Другие объявления автора
×