Мутахассис оид ба хавфҳо

Душанбе
Опубликовано: Сегодня 09:07 Номер объявления: 16457288
  • Стаж: от 3 лет
  • Название, адрес компании: ш. Душанбе, 2 гузаргох кучаи Шарк 14
  • График: Полный день
  • Сфера деятельности компании: Микрокредитование
Локация: Душанбе

ҶДММ ТАҚХ “ОКСУС” яке аз ташкилотҳои маблағгузории хурди OXUS Group буда, ба аҳолии Тоҷикистон барои рушди фаъолияти соҳибкорӣ, рушди кишоварзӣ ва ниёзҳои истеъмолкунандагон қарзҳои хурд ва миёна пешниҳод менамояд.

ҶДММ ТАҚХ “ОКСУС”, ки дар зиёда аз 35 ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (Суғд, Хатлон, Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ) бомуваффақият фаъолият бурда истодааст, довталабонро барои ишғоли ҷойи кори холӣ даъват менамояд.

ТАШКИЛОТ БАРОИ ИШҒОЛИ ВАЗИФАИ ХОЛИИ ЗЕРИН ОЗМУН ЭЪЛОН МЕКУНАД:

Вазифаи ишғолкунанда: Мутахассис оид ба хавфҳо

Ҷои фаъолият: ш. Душанбе (Саридора)

Вазифаҳои асосӣ:

• Донистани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маблағгузории хурд ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон;

• Мониторинг ва арзёбии хавфҳои қарзӣ, амалиётӣ ва дигар хавфҳои фаъолияти ташкилот;

• Таҳлили сифати сандуқи қарзӣ, нишондиҳандаҳои хавф ва омода намудани хулосаҳо ва тавсияҳо барои Сардори шуъба;

• Баррасии дархостҳои қарзии калон ва пешниҳоди хулосаҳо барои Кумитаи қарзӣ;

• Иштирок дар таҳлили молиявӣ ва арзёбии қобилияти қарзпардозии мизоҷон вобаста ба дархостҳои қарзии калон;

• Гузаронидани мониторинг ва боздидҳои хизматӣ ба намояндагиҳои ташкилот бо мақсади арзёбии сифати амалиётҳо ва риояи сиёсати дохилӣ (то 60% вақти корӣ);

• Омода намудан ва пешниҳоди ҳисоботҳо, таҳлилҳо ва тавсияҳо оид ба идоракунии хавфҳо;

• Иштирок дар арзёбии хавфҳои амалиётӣ, санҷишҳои мавзӯӣ ва таҳқиқоти дохилӣ;

• Иштирок дар таҳия ва такмил додани сиёсатҳо, тартибот ва воситаҳои идоракунии хавфҳо;

• Коркард, таҳлил ва ҷамъбасти маълумот барои мақсадҳои мониторинг ва ҳисоботдиҳӣ.

Талаботҳои тахассусӣ:

• Маълумоти олӣ;

• Таҷрибаи корӣ дар ташкилотҳои молиявӣ, ҳадди аққал 3 сол (таҷриба дар чунин вазифа бартарӣ дорад);

• Донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забони англисӣ бартарӣ дорад);

• Маҳорати кор бо барномаҳои компютерии MS Word, Excel, PowerPoint, Outlook;

• Қобилияти зуд омӯхтан;

• Муоширати хуб доштан.

Шароити корӣ:

• Пардохти саривақтии музди меҳнат;

• Имкони пешравӣ дар мансаб;

• Тренингҳо ва таълим;

• Пардохти алоқаи мобилӣ.

Музди маоши хуб кафолат дода мешавад.

Хохишмандон метавонанд маълумотҳоро дар бораи худ (CV) ва номаи ҳавасмандкуниро дар лифофаҳо (конверт) ҷойгир карда бо қайди номгуи вазифаи довталаб ба суроғаи зерин дастрас намоянд:

ш. Душанбе, н. И. Сомони, 2 гузаргоҳи кучаи Шарқ 14, ё ин ки ба почтаи электронӣ ирсол намоед: recruitment@oxus-tj.org

Муҳлати охирин барои қабули ҳуҷҷатҳо: то соати 17:00 санаи 30 июни соли 2026.

Телефон барои маълумоти иловагӣ: (992) 98 951 00 10

Довталабоне, ки ба талаботи ҳадди аққал ҷавобгӯ мебошанд, барои ҷалби минбаъда даъват карда мешаванд.

Похожие объявления

  • Мутахассис оид ба ҳисоботҳо
    Мехоҳед кори доимӣ, рушди касбӣ ва дастгирӣ дар рушди шахсӣ ёбед? Пас, ба мо ҳамроҳ шавед!ҶСП “Бонки Арванд” барои ишғоли вазифаи Мутахассис оид ба ҳисоботҳо озмун эълон менамояд!🛠️ Чӣ корҳоро бояд анҷом диҳед:• ✔️ Тартиб додани ҳамаи ҳисоботҳои молиявӣ ва оморӣ барои роҳбарият, сармоягузорон, қарздеҳон, мақомотҳои танзимкунанда ва давлатӣ;🎁 Мо чӣ пешниҳод мекунем:• ✨ Пардохти хароҷоти мобилӣ – тамоми ниёзҳои корӣ аз тарафи бонк таъмин мешаванд;• ✨ Омӯзиш бо роҳбарони касбӣ – мо шуморо дар ҳар қадам дастгирӣ мекунем;• ✨ Имконияти рушди касбӣ ва мансабӣ;Ба мо ҳамроҳ шавед ва қисми дастае шавед, ки идеяҳо ва кӯшишҳои шуморо қадр мекунад!📧 Довталабони хоҳишманд, метавонанд анкетаи худро (бо навиштани номи вазифа) ба почтаи мо - hr@arvand.tj фиристанд. 📞 Ё ба рақамҳои мо занг занед: +992 92 795 00 01
    Арванд, 25.05.2026 15:40, Худжанд
    Вакансии » Банки, страхование, лизинг
  • Мутахассис оид ба маблаггузори
    Равзанаи бонкии исломи ЧСП "Хумо Бонк". Маълумоти пурра бо телефон.
    Аббос, 04.06.2026 09:06, Душанбе
    Вакансии » Банки, страхование, лизинг
  • Мутахассис оид ба ҷамъоварии қарзҳои батаъхирафтода
    ЗАО "Хумо Бонк" ҷойҳои нави кориро ба вазифаи "Мутахассис оид ба ҷамъоварии қарзҳои батаъхирафтода" эълон менамояд.Шартҳои корӣ: -Ҷамъоварии қарзҳои батаъхирафтода-Кор дар офис ва берун аз онРӯзҳои кори: 5/7 аз соати 8:00 то соати 17:00Талабот:- Собиқаи кории ғайрибонки аз 5 сол боло- Малакаи хуби истифодабарии КомпютерБарои пур кардани анкета шумо метавонед ба Офиси Хумо мурочиат кунед. Суроға: Воданасос
    ЗАО Хумо Банк, 28.05.2026 17:29, Душанбе
    Вакансии » Банки, страхование, лизинг
  • Мутахассис оид ба ҷамъоварии қарзҳои батаъхирафтода
    ЗАО "Хумо Бонк" ҷойҳои нави кориро ба вазифаи "Мутахассис оид ба ҷамъоварии қарзҳои батаъхирафтода" эълон менамояд.Шартҳои корӣ: -Ҷамъоварии қарзҳои батаъхирафтода-Кор дар офис ва берун аз онРӯзҳои кори: 5/7 аз соати 8:00 то соати 17:00Талабот:- Собиқаи кории ғайрибонки аз 5 сол боло- Малакаи хуби истифодабарии КомпютерСуроға: назди Опера ва Балет
    ЗАО Хумо Банк, 28.05.2026 17:29, Душанбе
    Вакансии » Банки, страхование, лизинг


  • Договорная
    OXUS OXUS

    На сайте с май, 2019

    Другие объявления автора
    Поделиться
    ×

    You need to pass document verification to proceed
    Take a photo of document
    Scan your face by camera
    Pass document verification
    After passing documents verification you will be able to create ads and contact sellers.
    Your document verification is now being processed.
    This usually takes up to 60 minutes.
    After passing documents verification you will be able to create ads and contact sellers.
    Error 400
    Сохраняйте избранные поиски!
    Нажмите кнопку "Сохранить поиск" на странице поисковой выдачи
    Следите за обновлениями в разделе "Избранное"
    Добавляйте объявления в избранное
    Нажмите кнопку в форме звезды и это объявление сохранится в разделе "Избранное", где вы сможете просмотреть все избранные объявления
    logo
    This account is verified by E-mongolia
    Verify your account by E-Mongolia
    • verified
      This account has a verified association with E-mongolia
    • calendar
      Verified since
    • verified
      Your ad will be marked as verified
    • thumb
      Advertising will receive more attention and trust