Тренерон Ороишгари мӯй
- Стаж: от 1 года
- Название, адрес компании: Dushanbe, G.Zavkibekov str., 34/3
- График: Совмещение
- Сфера деятельности компании: International Humanitarian organisation
БАРОИ ТАМОС: 778885419
Тренерон барои гузаронидани Курсҳои ҳунаромӯзӣ
Ороишгари мӯй - 13 нафар;
Мӯҳлати дархост: 09 январи 2026 сол.
Таҷриба: На кам аз 2 сол таҷрибаи корӣ аз рӯйи ихтисос.
Макон: Шаҳрҳои Душанбе (ноҳиҳoи Сино ва Рӯдакӣ), Кӯлоб ва Ваҳдат; ва ноҳияҳои Рашт, Шаҳритус ва Носири Хусрав.
Навъи шартнома: Шартнома барои хизматрасонӣ муваққатӣ аст.
Шартҳои кор: 2 моҳ дар 2026
Good Neighbors созмони ғайритиҷоратии байналмилалӣ оид ба рушди башардӯстона буда, соли 1991 дар Корея Ҷанубӣ таъсис ёфтааст. Good Neighbors дар 50 кишвари ҷаҳон фаъолият менамояд ва барои рушди ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон ва ҳавасмандгардонии эътимоднокии ҷомеа сару кор дорад. Созмони Good Neighbors (GNT) дар ҶТ аз соли 1998 фаъолият намуда, барои беҳтар кардани зиндагии мардум, махсусан кӯдакон тавассути омӯзиш, рушди ҷомеа ва ҳамчунин лоиҳаҳои кӯмаки башардустона фаъолият менамояд. Good Neighbors (GNT) дар ҶТ бо ҷонибҳои асосии манфиатдор, аз қабили Вазорати маориф, Вазорати тандурустӣ, Вазорати меҳнат ва муҳоҷират, Кумитаи кор бо занон, мақомоти маҳаллӣ, ташкилотҳои байналмиллалии рушд, СММ ва оҷонсиҳои донорӣ аз қабили Иттиҳоди Авруппо, GIZ, UNICEF, WFP, SCO ва ғайраҳо ба тариқи пайваст кардани ҷамоатҳои камбизоат ва осебпазир ба таҳсилоти босифат, тандурустӣ, таъмини об ва хизматрасониҳои беҳдоштӣ- санитарӣ фаъолият менамояд.
Good Neighbors барои он вуҷуд дорад, ки ҷаҳонро ба макони бегуруснагӣ табдил диҳад, дар он ҷое ки мардум бо ҳам мувофик зиндагӣ мекунанд. Good Neighbors ба ҳуқуқҳои инсонии осебпазиртарин новобаста аз синну сол, ҷинс, фарҳанг, мансубияти этникӣ, маъюбӣ ва эътиқод эҳтиром мегузорад ва ба онҳо кӯмак мекунад, ки дар шароити мустақилона зиндагӣ кунанд.
Дар мувофиқа бо ҳадафҳои мо, Good Neighbor боварӣ дорад, ки ҳама ҳуқуқҳои инсонии одамон бояд эҳтиром карда шаванд. Мо дарк мекунем ва вазифадорем, ки ҳуқуқҳои онҳоро ҳифз кунем ва ҳама гуна зиёнро пешгирӣ намоем. Аз ин рӯ, Good Neighbors нисбат ба ҳама гуна амале, ки боиси зарари ҷисмонӣ, ҷинсӣ, равонӣ, зӯроварӣ, истисмор ва зӯроварии эмотсионалӣ мегардад, махсусан барои кӯдакон (ҳар шахси зери синни 18-сола), занон ва калонсолони осебпазир таҳаммулнопазир аст.
Ҳифз ва муҳофизат аз истисмор ва сӯиистифодаи ҷинсӣ (PSEA) масъулияти муштараки ҳама ба ҳисоб меравад ва аз тамоми кормандон ва шарикони GN талаб карда мешавад, ки Кодекси рафтори GN-ро ҳам дар вақти корӣ ва ҳам берун аз он риоя намоянд. Шинос шудан бо ва риояи Сиёсати ҳифзи кӯдакон ва калонсолон ва Кодекси рафтори GN оид ба ҳифзи бехатарӣ, илова бар омӯзиши ҳатмӣ, як талаботи муҳим нисбати тамоми кормандон ва шарикони ташкилот ба ҳисоб меравад . Ҳама кормандон ва шарикон бояд боварӣ ҳосил намоянд, ки онҳо банди мазкурро пурра дарк намудаанд ва мувофики он амал мекунанд, лутфан ба https://www.goodneighbors.org/who/account нигаред.
Good Neighbors дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилоти байналмилалии хайриявӣ буда, фаъолияти он дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шаш Лоиҳои Рушди Ҷомеа (ЛРҶ) дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва беҳдошт, баланд бардоштани некуаҳволӣ ва рушди ҷомеа, ҳифзи кӯдак ва дигар соҳаҳо пеш бурда мешавад.
Бо дастгирии маблағгузорони доимии Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ, Good Nieghbors дар Тоҷикистон беш аз 11799 кӯдаконро аз оилаҳои осебпазир аз шаш минтақаи кишвар, шаҳрҳои Душанбе (ноҳиҳoи Сино ва Рӯдакӣ), Кӯлоб ва Ваҳдат; ва ноҳияҳои Рашт, Шаҳритус ва Носири Хусрав дар шаш Лоиҳаҳои рушди ҷомеа сарпарастӣ мекунад.
Фаъолиятҳои GNT ба беҳтаргардонии ҳаёти кӯдакон ва волидони онҳо мусоидат мекунанд.
Дар доираи фаъолияти худ, GNT ба нақша гирифтааст, ки барои кӯдакони сарпарастишаванда курсҳои кӯтоҳмуддати ҳунаромӯзӣ (2 моҳа) ташкил намояд.
Ташкилот мутахассисони баландихтисосро барои гузаронидани курсҳои кӯтоҳмуддати ҳунаромӯзӣ даъват мекунад.
Тренерон барои гузаронидани чунин курсҳо даъват карда мешавад: Ороишгари муй - 13 нафар
Талабот ба мутахассис:
• Маълумоти касбӣ. Диплом/Шаҳодатномаи хатми курсҳо;
• Таҷрибаи корӣ на камтар аз панҷ сол аз рӯи ихтисосҳои дар боло зикршуда;
• Доштани муҳити корӣ ва асбобу воситаҳои зарурӣ;
• Доштани малакаҳои хуби омӯзгорӣ;
• Қобилияти хуби муошират;
• Дониши хуби забони тоҷикӣ. Донистани забони ӯзбекӣ ба назар гирифта мешавад;
• Саҳеҳӣ дар ҳуҷҷатгузорӣ ва риояи ҳатмии реҷаи кории муқарраршуда.
Вазифаҳои мутахассис:
• Омода намудани синфхона, муҳити корӣ ва таъмин бо асбобу воситаҳои таълимӣ барои гузаронидани курсҳо;
• Маълумотро оиди иштирокчиён қабул карда, ҷадвали машғулиятҳоро омода намояд;
• Ташкил ва гузаронидани курсҳо тибқи реҷаи муайяншуда;
• Омода намудан ва пешниҳод намудани барномаи курсҳо;
• Омода намудани маълумот оид ба иштирокчиёни курсҳо ва натиҷаҳои ба даст овардашуда;
• Пешниҳод намудани расмҳо аз раванди курсҳои касбомӯзӣ;
• Омода ва пешниҳод намудани ҳисоботи мушаххас оид ба курсҳои касбомӯзӣ (Муваффақиятҳо, мушкилот, пешниҳодҳо, расмҳо)
Нафарони хоҳишманд метавонанд хулосаи таҷрибаи кории худро ба Шуъбаҳои ташкилоти «Good Neighbors» дар Тоҷикистон, ки дар ҳар як ноҳияи ҳадафӣ фаъолият мекунанд, пешниҳод намоянд. Хулосаи таҷрибаи кори худро дар намунаҳои махсуси GNT (дар замимаи эълон) пешниҳод намудан лозим аст. Пешниҳодҳо то санаи дар болои эълон муайяншуда ба суроғаи электронии зикршуда, равон карда шаванд: gnt.humanresources@gmail.com ва arina.nam@goodneighbors.org
Ё ба Суроғаҳои ташкилот:
дар шаҳри Душанбе (Саридора): к. Г.Завқибекова 34/3 (ориентир боғи Кӯдакона, театри Лӯхтак, Спартак)
дар ноҳияи Рашт: ҷ/д Б.Раҳимзода, деҳаи Гулхани
дар ноҳияи Шахритус: к. Зиёдалиев, х. 19
дар ноҳияи Н. Хусрав: ҷ/д Наврӯз, деҳаи Сангоба
дар шаҳри Кӯлоб: к. Исмоили Сомонӣ, х.28/38
Нафароне, ки барои ЛРҶ Ваҳдат ҳуҷҷат пешниҳод мекунанд, метавонанд ҳуҷҷатҳои худро ба Саридора, ба суроғаи дар боло зикр шуда пешниҳод намоянд.
БАРОИ ТАМОС: 778885419
Похожие объявления
Следите за обновлениями в разделе "Избранное"
-
This account has a verified association with E-mongolia
-
Verified since
-
Your ad will be marked as verified
-
Advertising will receive more attention and trust