Мутахассиси калони департаменти хазинадорӣ

Душанбе
Опубликовано: Вчера 09:10 Номер объявления: 15136523
  • Стаж: от 1 года
  • Название, адрес компании: ул.Пушкино 10
  • График: Полный день
  • Сфера деятельности компании: Банк
Локация: Душанбе

Тахассус ва малакаҳои зарурӣ:

• Доштани дараҷаи магистр ё ҳадди ақал бакалавр дар соҳаҳои молия, бонкдорӣ ё дигар ихтисосҳои марбут;

• Ҳадди ақал 1 соли таҷрибаи корӣ дар соҳаи хазинадорӣ;

• Доштани шаҳодатнома асосҳои ҳисобдории бухгалтерӣ;

• Собиқаи муваффақи бастани шартномаҳо, таҳлили бозор, идоракунии пардохтпазири;

• Донистани маҳсулоти бонкӣ;

• Қобилияти дастгирии дигар кормандон тавассути ҳалли масъала, омӯзиш ва дастгирӣ;

• Дониши барномаҳои MS Office ва маҳорати хуби кор бо компютер;

• Донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ, донистани забони англисӣ бартарӣ медиҳад.

Вазифаҳо ва масъулиятҳои асосӣ:

• Банақшагирӣ, харидорӣ аз сарчашмаҳои гуногун ва тақсимоти пули нақд

• Омодасозии ҳисоботҳои дохилӣ;

• Иштирок дар музоядаҳои коғазҳои қиматноки Бонки Миллии Тоҷикистон (БМТ);

• Иштирок дар амалиёти амонатии шабонарӯзии БМТ (Овернайт);

• Омодасозии пардохтҳо барои амалиётҳои анҷомёфта бо дигар бонкҳо;

• Хориҷ кардани амалиётҳо аз низоми ЦФТ (дар ҳолати хатои кормандони хазинаи мубодилаи асъор);

• Дархости пули нақд ва тангаҳои филизӣ аз Бонки Миллӣ тибқи дархости филиалҳо;

• Ҷавоб додан ба мактубҳои Шуъбаи хавф оид ба аз меъёри тасдиқшудаи роҳбарият зиёд шудани маблағ дар филиалҳо, марказҳои хизматрасонии бонкӣ (МХБ) ё суратҳисобҳои муросилотии бонк;

• Ташкили додугирифти пули нақд байни филиалҳо;

• Назорати мавҷудияти пули нақд дар ҳамаи филиалҳои бонк (барои ҳамаи асъорҳо);

• Дархост барои интиқоли пулҳои фарсуда ба Бонки Миллӣ;

• Дархост ба филиалҳо барои интиқоли пули нақд ба НБТ-Спот;

• Пур кардани суратҳисобҳои муросилотӣ тибқи дархости Шуъбаи низоми пардохт (SWIFT);

• Назорат ва бойгонӣ кардани ҳуҷҷатҳо (ҳуҷҷатҳои БМТ, ҳуҷҷатҳои дохилӣ, шартномаҳои байни бонкҳои муросилотӣ);

• Ва иҷрои дигар супоришҳои роҳбарият вобаста ба фаъолияти Департаменти хазинадорӣ.

Довталабони хавасманд метонанд резюмеи худро ба почтаи электрони hr@icb.tj ирсол намоянд.

Похожие объявления

  • Менеҷери шуъбаи мониторинг ва тафтишоти қаллобӣ
    ICB вазифаи Менеҷери шуъбаи мониторинг ва тафтишоти қаллобӣ дар дохили департаменти комплаенс эълон менамояд. Вазифаҳо/Уҳдадориҳои асосӣ:• Таҳлили амалиётҳои Бонк бо мақсади пешгирии ҳолатҳои қаллобӣ ва баҳодиҳии хавфҳои қаллобӣ;• Баррасӣ ва такмили сенарияҳои Низоми зидди қаллобӣ бо мақсади фаро гирифтани ҳамаи амалиётҳои бонкӣ;• Ҳамкорӣ бо кормандони хизматрасонии мизоҷон барои ҳалли ҳолатҳои эҳтимолии қаллобӣ;• Гузаронидани тафтишот оид ба ҳолатҳои эҳтимолии қаллобӣ ва омода намудани ҳисоботи мувофиқ барои роҳбарият;• Муайян кардани рафтори ғайриоддии мизоҷон ва кормандон;• Назорати риояи қоидаҳо ва расмиёти зидди қаллобӣ дар Бонк;• Таҳияи қоидаҳои дахлдори дохилӣ (сиёсат, расмиёт, дастурҳо ва ғ.);• Пешниҳоди фикру мулоҳизаҳо барои рушди Низоми зидди қаллобӣ;• Дигар фаъолиятҳои марбута ҷиҳати пешгирии амалҳои қаллобӣ дар Бонк.Малакаҳои асосӣ / Таҷриба:• Маълумоти олӣ дар соҳаи бонкӣ, технологияҳои иттилоотӣ ё дар ҳама гуна соҳаи марбут;• На камтар аз 3 сол таҷрибаи амалӣ дар татбиқи принсипҳо ва амалияи идоракунии зидди қаллобӣ;• Дониши хуби усулҳои пешгирии қаллобӣ, ошкор ва идоракунии қаллобӣ;• Донистани равандҳои хизматрасониҳои пардохтӣ;• Донистани каналҳои гуногуни пардохт (онлайн бонкинг, кортҳо, банкоматҳо, API-ҳо);• Малакаи таҳлили амалиётҳои бонкӣ;• Донистани забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ;• Таҷриба дар пешгирии қаллобӣ;Довталабони ҳавасманд метавонанд ҳуҷҷатҳои худро тавассути почтаи hr@icb.tj ирсол намоянд.
    Инвестиционно-Кредитный банк, 04.12.2025 16:05, Душанбе
    Вакансии » Банки, страхование, лизинг
  • Мутахассиси хизматрасонии мизочон дар н.Оббурдон
    Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон ҷои кори холии вазифаи Мутахассиси хизматрасонии мизоҷон дар н.Оббурдон эълон менамояд. Корманди ин вазифа масъули хизматрасонии Мизоҷон буда, дар масъалаҳои омода кардани расиди воридот ва хараҷоти маблағ, омода кардани чекҳо, интиқолӣ маблағ, додани маълумот оиди кушодан ва пешбурди суратҳисобҳо барои шахсони воқеъи ва ҳуқуқи, қабули супоришномаҳои пардохти, қабули дархост барои гирифтани қарз, тавзеъи қарз, қабули аризаҳои пешпардохт барои иваз намудани ҷадвали қарзӣ ва ҷавоб додан ба саволҳои Мизоҷон оиди ҳама намуди хизматрасонии шӯъбаи амалиёти ва қарзӣ мебошад. Талаботҳо:• Маълумоти олӣ дар соҳаи иқтисод, молия ё бонкдорӣ;• Таҷриба дар соҳаи хизматрасонӣ ба мизоҷон ё идоракунии муносибатҳо дар бахши бонкӣ ё молиявӣ афзалият дорад;• Малакаи хуби муошират бо қобилияти эҷоди муносибат бо мизоҷон;• Қобилиятҳои махсуси муоширати шифоҳӣ ва хаттӣ;• Донистани MS Office, малакаи кор бо компютер;• Донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ, донистани забони англисӣ бартарият дорад. Довталабони ҳавасманд метавонанд резюмеи худро ба суроғаи электронии hr@icb.tj ирсол намоянд.Танҳо номзадҳои ба талаботҳои вазифа ҷавобгу ба мусоҳиба даъват карда мешаванд.
    Инвестиционно-Кредитный банк, Вчера 10:29, Матча
    Вакансии » Банки, страхование, лизинг
  • Мутахассисиси шуъбаи назорати қарзҳо дар н.Файзобод
    Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон ҷои кори холии вазифаи Мутахассисиси шуъбаи назорати қарзҳо дар н.Файзобод эълон менамояд.Мутахасси назорати қарзҳо барои баррасии ҳамаҷониба ва таҳлили ҳама ҳуҷҷатҳои муштарӣ, аз ҷумла ҳисоботи молиявӣ, таърихи қарз ва дигар ҳуҷҷатҳои марбута барои арзёбии қобилияти қарзии ммизоҷ масъул хоҳад буд. Ин нақш гузаронидани арзёбии ҳамаҷонибаи хавф, омодасозии тавсияҳо барои қабули қарор ва таъмини риояи сиёсат ва расмиёти қарзии бонкро дар бар мегирад. Таҳлилгар дар раванди қабули қарорҳои Кумитаи қарзӣ тавассути пешниҳоди таҳлили дақиқ барои дастгирии қарорҳои дурусти қарзӣ саҳм мегузорад.Талаботҳо:• Дараҷаи бакалавр дар соҳаи молия, баҳисобгирии муҳосибӣ, иқтисод, идоракунии соҳибкорӣ ё соҳаи дахлдор;• Таҷрибаи 1-2 сол дар таҳлили қарзӣ, таҳлили молиявӣ ё нақши алоқаманд дар бахши бонкӣ ё хидматрасонии молиявӣ (таҷрибаомӯзӣ ё вазифаҳои сатҳи ибтидоӣ метавонанд баррасӣ шаванд);• Дар сатҳи хуб донистани забони тоҷикӣ ва русӣ. Донистани забони англисӣ афзалиятнок аст;• Қобилияти аз худ кардани қонунгузорӣ;• Қобилияти аз худ кардани Низомномаҳои Бонки Миллии Тоҷикистон;• Малакаҳои хуби аналитикӣ ва донистани математика;• Малакаҳои хуби донистани барномаи Excel;Довталабони ҳавасманд метавонанд ҳуҷҷатҳои худро ба суроғаи электронии hr@icb.tj на дертар аз 24 Ноябри соли 2025 ирсол намоянд.Танҳо номзадҳои ба талаботҳои вазифа ҷавобгу ба мусоҳиба даъват карда мешаванд.
    Инвестиционно-Кредитный банк, 10.11.2025 15:11, Файзабад
    Вакансии » Банки, страхование, лизинг


  • Договорная
    Инвестиционно-Кредитный банк Инвестиционно-Кредитный банк

    На сайте с фев, 2017

    Другие объявления автора
    Поделиться
    ×

    You need to pass document verification to proceed
    Take a photo of document
    Scan your face by camera
    Pass document verification
    After passing documents verification you will be able to create ads and contact sellers.
    Your document verification is now being processed.
    This usually takes up to 60 minutes.
    After passing documents verification you will be able to create ads and contact sellers.
    Error 400
    Сохраняйте избранные поиски!
    Нажмите кнопку "Сохранить поиск" на странице поисковой выдачи
    Следите за обновлениями в разделе "Избранное"
    Добавляйте объявления в избранное
    Нажмите кнопку в форме звезды и это объявление сохранится в разделе "Избранное", где вы сможете просмотреть все избранные объявления
    This account is verified by E-mongolia
    Verify your account by E-Mongolia
    • verified
      This account has a verified association with E-mongolia
    • calendar
      Verified since
    • verified
      Your ad will be marked as verified
    • thumb
      Advertising will receive more attention and trust